Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бадтарини чизҳо он аст, ки чанд гуна таоми гуногун андар як навбат хӯрда шавад ва сипас он аст, ки муддати хӯрдан ба дарозо кашад ва [як ҳиссаи дигари] ғизо вақте бирасад, ки ҳиссаи якум ба гуворидан оғоз карда бошад. Ин боиси он хоҳад шуд, ки бахшҳои ғизо андар гуворидан яксон нагарданд.
Бояд донист, ки созгортарин ғизо бомазатарини он аст, зеро меъда ва қувваи доранда онро зуд фаро гиранд. Яъне, [ин ҳангоме бошад], ки гавҳари [ғизо] дуруст ва ҳамаи андомҳои сарвар ҳамкору солим бошанд. Ин шарт аст. Вале агар мизоҷҳо дуруст набошанд ва ё агар андомҳо андар мизоҷ мухолифи якдигар буда, ҷигар беш аз [ҳоли] табиӣ бо меъда мухолифат кунад, андар ин сурат ба [таом] дилгармие нахоҳад буд. Яке аз зиёнҳои таоми ниҳоят бомаза он аст, ки аз он бисёр хӯрда шавад.
Беҳтарин навбатҳои серӣ таом хӯрдан он аст, ки як рӯз як бор бихӯранд ва рӯзи дигар ду бор – пагоҳӣ ва бегоҳӣ.
Бояд андар ин кор одат сахт риоя шавад. Агар касе ба ду бор хӯ карда бошад, аз ин [тартиб] ӯро нотавонӣ воҷиб омада, қуввааш суст бигардад. Балки агар ӯро нотавонии гувориш бошад, бояд ду бор, вале ҳар боре андак-андак таом бихӯрад. Агар касе ба як бор хӯ карда бошад, чун ду бор бихӯрад, ӯро нотавонӣ, ланҷӣ ва бемадорӣ (истирхо) ориз гардад. Агар пагоҳӣ бихӯрад, бегоҳӣ беҳол шавад ва агар бегоҳӣ бихӯрад, хӯрок наравад ва ба сабаби бар меъда ворид шудани чизи хӯнокарда оруғи туруш, баднафасӣ, маниши гаштан, талхии даҳон ва нармии шикам падид оянд; ӯро он аразҳое ба амал оянд, ки ба каси ғизоро бадгуворанда чунин рӯй диҳад ва инро баъд хоҳӣ донист; ва низ ӯро тарс, бетоқатӣ, дарди даҳони меъда ва сӯзиш ба амал оянд. Ба иллати он, ки меъда тиҳӣ буда, ба худ дарҳам рафта, часпидааст, кас чунин гумон кунад, ки рӯдаҳо ва андомҳои дарунияш овезонанд ва пешоб ва бирози [ин шахс] сӯхта берун оянд. Гоҳе вайро андомҳои атрофӣ ба иллати ба меъда рехтани заҳра сард бишаванд ва ин ҳол бештар касонеро рӯй диҳад, ки мизоҷи сафровӣ доранд.
Касони танҳо меъдаашон сафровӣ, на танашон, низ чунинанд. Ин гуна шахсонро хоб табаҳ шавад ва андар ҷои хоб аз паҳлу бар паҳлу бигарданд.
Баданҳое, ки андар меъдаи онҳо зардаи бисёр ҷамъ бигардад, ба хӯрдани бахш-бахш, зуд-зуд ва пеш аз гармоба ниёзманданд. Аммо ғайри онҳоро лозим аст, ки нахуст варзиш намуда, гармоба кунанд ва сипас таом бихӯранд ва таомро пеш аз гармоба нахӯранд. Агар касе эҳтиёҷ бад-он дошта бошад, ки пеш аз варзиш чизе бихӯрад, бояд танҳо нон ва ба андозае бихӯрад, ки пеш аз оғози ҳаракат ба гуворидан дарояд. Чунонки ҳаракати пеш аз таом набояд суст бошад, ҳамчунин ҳаракати баъд аз он ҳам (166) набояд ҷуз сабуку нарм бошад.
Барои ба ислоҳ овардани иштиҳои табаҳе, ки майл ба чизҳои тез дорад ва аз ширинию равғанӣ рӯ ҳаметобад, ҳеҷ чиз мисли қай овардан бо сикангубин ва хӯрдани турб аз болои моҳӣ хуб нест.
Касони фарбеҳ баробари аз гармоба берун омадан набояд ғизо бихӯранд, балки сабр кунанд ва хоби сабуке бираванд. Эшонро аз ҳама беҳтар он аст, ки як бор бихӯранд

ва нашояд аз паси таом ба ҳоле, ки ҳанӯз он андар гардиш аст, бихобанд. Бояд аз ҳаракати сахт баъд аз таом хӯрдан сахт ҳазар кунанд, зеро таом пеш аз гувориш биравад ё ногуворида билағжад ва ё мизоҷи он бо ҷунбонидан фосид гардад. Бояд аз болои он оби бисёр наошоманд, зеро ин миёни [таом] ва ҷирми меъда ҷудоӣ андохта, онро гардон кунад, балки об ошомиданро бояд то гоҳи аз меъда фурӯ рафтани [таом] мавқуф гузошт ва ин ҳолро аз тариқи сабукии бахши барсӯвини шикам метавон дарёфт. Агар ташнагӣ ба танг оварад, бояд каме оби сард ба як дам бимакид ва ҳарчи бештар сард бошад, камтари он бештар қаноат бахшад. Ин миқдор об меъдаро нишоту фароҳамоӣ бахшад. Умуман, аз болои таом баъд аз тамом кардани хӯрдан (на андар аснои он) ошомидани об ба андозае равост, ки таомро суд бахшад.
Бар ташнагӣ тоқат кардан ва хоб касони мизоҷашон сарди тарро суд ва касони мизоҷашон гарми сафровиро зиён дорад.
[107] Бар гуруснагӣ сабр намудан низ ҳамчунин бувад.
Шахсони сафровимизоҷро аз сабр кардан бар гуруснагӣ чунин ориз бигардад, ки зарда ба сӯи меъдаашон бирезад ва агар таом бихӯранд, агарчи кам ҳам бошад, табаҳ бигардад ва эшонро андар хоб ва бедорӣ он чизе ориз гардад, ки мо ёд кардем [ва] касонеро рӯй диҳад, ки таомашон фосид шуда бошад. Низ чунин рӯй диҳад, ки иштиҳои таом хӯрдан табаҳ гардад. Андар ин ҳол бояд чизи сабуки ғайри ғизодиҳандае, аз қабили олу ва ё андаке аз ширхишт ошомид, ки онро поён бибарад ва табиатро нарм созад ва чун иштиҳо боз омад, бихӯрад. Бинобар ин касонеро, ки танашон бо тарии табиӣ тар бошад, барои зуд ҳал кардан омодаанд ва мисли касони баданҳояшон хушк бар гуруснагӣ тоб овардан наметавонанд, вале агар тани эшон аз тариҳое пур бошад, ки ғайри тариҳои андар гавҳари андомҳояшон будааст [ва] агар онҳо хуб ва созгор бошанд, [чунин ҳол нахоҳад рӯй дод], зеро табиат он [тариҳоро] ба ғизои пурраи билфеъл баргардонад.
Шароб аз болои таом зиёнкортарини чизҳост, зеро он зудгувор ва зуднуфузкунанда буда, таомро ногуворида [андар тан] бигузаронад ва бинобар он суддаҳо ва уфунат аз худ ба ҷой бигузорад. Ширинӣ ба судда овардан шитоб кунад, чунки табиат онро пеш аз гуворидан ба худ бикашад. Суддаҳо боиси бисёр бемориҳо бигарданд, ки аз ҷумлаи онҳо истисқо бувад.
Ситабрии боду об, хусусан ба ҳангоми тобистон, аз қабили чизҳоеанд, ки таомро табоҳ созанд. Андар ин ҳол аз болои таом ошомидани як қадаҳ [шароби] омехта ва ё оби гарме, ки андар он уду мастако ҷӯшонида бошанд, бад нест.
Ҳар киро андомҳои дарунӣ гарму қавӣ бошанд, чун таоми ситабр бихӯрад, бисёр бошад, ки таоми хӯрдааш бодҳо гардида, меъда ва чизҳои атрофи онро бидамонад ва бемории мароққӣ аз он бошад.
Агар каси меъдааш тиҳӣ ғизои латифе тановул кунад, меъда онро фаро бигирад ва чун аз паси он ғизои ситабре бихӯрад, меъда аз он безорӣ намояд, онро нагуворад ва он [ғизо] табаҳ бигардад, вале агар миёни ҳар ду муддате бигзарад, [чунин нахоҳад шуд]. Андар ин гуна ҳолат беҳтар он аст, ки пеш аз он каме ғизои ситабр бихӯранд, он гоҳ [меъда] аз ғизои латиф бим нахоҳад кард. Агар касе ба ифрот пур хӯрад, ё чизи андар меъдааш буда ҳангоми ҳаракат биҷунбад ва ё аз ошомидане ӯро шӯридагӣ падид ояд, бояд, ки зуд қай оварад ва агар вақти он бигзарад ва ё қай кардан натавонад, бояд каме оби гарм биошомад, ки он пуриро бинишонад ва хоб биоварад.

пешина
аз 1215
навбатӣ