Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои биологӣ Охирҳои моҳи март ва аввалҳои моҳи апрел ҷуфт мешавад. Моҳҳои май 3-4 насл медиҳад. Хорпушт­ чаҳо, баъди 35-40 рўз мустақилона зиндагӣ мекунанд ва баъди хоби зимистона болиғ мешаванд.
Хорпушти модина соле як бор насл медиҳад. Аз ҳашарот, ғук, парандагони майда ва тухми онҳо, хояндагон ғизо мегирад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Хуб парвариш меёбад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ гардидани заминҳои бекорхобида, бенизом чаронидани чорво сабабҳои асосии камшуморӣ ва маҳдуд гардидани сукунатгоҳи хорпушти хордароз мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади кор карда баромадани чораҳои ҳифз, паҳншавӣ ва хусусиятҳои экологии хорпушти хордарозро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст. Доштани хорпушро манъ ва мавзеъҳои маълуми паҳншавии онро таҳти мўхофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1952, 1962; Исаков, 1969, 1980, 2005; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ҲАШАРОТХЎРИ БУХОРОӢ
Sorex bucharensis (Ognev, 1921) Қатори
Ҳашаротхўрон ‒ Insectivora Оилаи
Заминкобакҳо ‒ Soricidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Эндемики Тоҷикистон мебошад.
Паҳншавии маҳдуд дошта, дар қитъаҳои алоҳида дар қаторкўҳҳои Ҳисор (дараи Варзоб, деҳаи Зиддӣ), Пётри I (дараи Девонасу, Шоғозӣ, Сагрон, Қирғизоб) ва кўҳи Мазор (дараи Обимазор) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат Хоси ҷангалзорҳои кўҳӣ мебошад.
Аҳён-аҳён дар тўсзори назди пиряхҳо (2400-3200 метр аз сатҳи баҳр) дар сафедорзор ва арчазор вомехўрад. Ҷойҳои сернам ва ҷангалзори кўҳии наздисоҳилиро мепарастад.
Саршумор
Намуди ниҳоят камшумор аст.
Дар солҳои охир таҳқиқ нагардидааст ва оид ба саршумори он маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ карда нашудааст.
Аввалҳои моҳи апрел ҷуфт мешавад.
Аз 5 то 7 насл медиҳад.
Фардҳои модина баъд аз зимистонгузаронӣ 2-3 маротиба насл медиҳанд. Аз ҳашароти хурд (гамбускҳо ва кирминаи онҳо), тортанакшаклон ва ҳайвоноти дигари бесутунмуҳра ғизо мегирад.
ШИРХЎРОН
Mammalia
Парвариш дар шароити сунъӣ Имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Буридани ҷангалзори кўҳӣ, алалхусус тўсзорҳо сабаби асосии маҳдуд гардидани шумораи ҳашаротхўри бухороӣ мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади кор карда баромадани чораҳои ҳифз, паҳншавӣ ва хусусиятҳои экологии ҳашаротхўри бухороиро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст. Мавзеъҳои маълуми паҳншавии он дар қитъаҳои ҷудогонаи тўсзорҳо таҳти мўҳофизати ҷиддӣ қарор дода шаванд.
Сарчашмаи иттилоот:
Огнев, 1928; Чернышев, 1956; Строганов, 1957; Долгов, 1967; Исаков, 1980, 2005.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ҲАШАРОТХЎРИ ПАКАНА
Suncus etruscus (Savi, 1822) Қатори
Ҳашаротхўрон ‒ Insectivora Оилаи
Заминкобакҳо ‒ Soricidae Мақоми ҳифз.
Дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ - поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Қизилсу ва Панҷ паҳн гардидааст. Бори аввал соли 1958 дар туғайзори мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва атрофи Шаҳритус ба қайд гирифта шудааст. Баъдан, мавҷудияти ин намуд дар атрофи Панҷ, Фархор ва Кўлоб низ муайян карда шудааст.
Муҳити сукунат Дар туғайзори соҳили дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон, атрофи пахтазор ва зироатҳои дигар вомехўрад. Мавзеъҳои буттазори сералаф, ки хокаш бо қабати ғафси баргу пояи пўсидаи растаниҳо пўшида шудааст, барои зисти ҳашаротхўри пакана мавзеъҳои мувофиқ ба ҳисоб мераванд.

пешина
аз 256
навбатӣ