Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Саршумор
Намуди ниҳоят камшумор аст.
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
дар 100 дом/шабонарўз 0,1- 0,3 фарди ҳашаротхўри пакана ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Ширхўри аз ҳама хурдтарин ба ҳисоб меравад. Дарозии баданаш 34-44 мм, вазнаш 1,2-1,7 граммро ташкил медиҳад. Ҳашарахўри пакана соле 3 маротиба афзоиш намуда, 3-5 бача таваллуд мекунад.
Давраи ҳомилагӣ 27-28 рўзро ташкил медиҳад. Вазни бачаҳои навзодаш 220 мг аст. Баъди 17-18 рўз бачаҳояш мустақил ва пас аз гузаронидани зимистон болиғ мегарданд.
Омилҳои маҳдудкунанда Саршумори он пурра ба шароити муҳити сукунат вобаста аст.
Аз худкунии заминҳо бо мақсади рушди кишоварзӣ, боиси камшавии шумораи он гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Туғайзорҳои соҳили дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳонро, ки дар онҳо ҳашаротхўри пакана сукунат меёбад, таҳти муҳофизат қарор додан зарур аст. Оид ба омўзиши ҷойҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии он таҳқиқоти иловагӣ бурдан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Строганов, Чернышев, 1958; Юдин, Исаков, 1975, 2005.
ҲАШАРОТХЎРИ
ДУМСАФЕД
Crocidura pergrisea (Miller, 1913)
Қатори
Ҳашаротхўрон ‒ Insectivora Оилаи
Заминкобакҳо ‒ Soricidae Мақоми ҳифз.
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. ЕN.
Паҳншавӣ
Паҳншавии ҳашаротхўри думсафед пурра таҳқиқ нагардидааст.
Дар нишебии қаторкўҳҳои Ҳисор (атрофи деҳаи Ноҷӣ ва ағбаи Анзоб), Шуғнон (атрофи шаҳраки Ҷилондӣ), Шоҳдара ва Ишкошим (атрофи деҳаи Шитхарв) вомехўрад. Маҳаллҳои сукунати он баландиҳои 2500-3600 метр аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад.
Муҳити сукунат
Намудест, ки хоса ба шароити кўҳсор мутобиқ гардидааст.
Дар санглох, шахсор ва хонаҳои сангин ва молхонаҳое, ки дар чарогоҳҳои тобистона ҷойгир шудаанд, сукунат мекунад. Дар марғзорҳои алпӣ дар миёни сангтудаҳо вомехўрад.
Саршумор
Намуди хеле нодир буда, дар ҳама қаторкўҳҳои Осиёи Марказӣ ва қисмати ҷанубӣ-ғарбии Осиё камшумор аст. Оид ба саршумори он дар ҳудуди Тоҷикистон маълумоти пурра вуҷуд надорад. Дар асоси маълумотҳои мавҷуда шумораи ҳашаротхўри думсафед дар мавзеьҳои хоси сукунаташ ба
ШИРХЎРОН
Mammalia ҳисоби миёна 0,1% дар 100 дом/ шабонарўзро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда.
Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади кор карда баромадани чораҳои муассири ҳифзи ҳашаротхўри думсафед паҳншавӣ ва хусусиятҳои экологии онро мавриди омўзиши муфассал қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кузякин, 1965; Юдин, Исаков, Долгов, 1978; Исаков, 2005.
ШИРХЎРОН
Mammalia
НАЪЛБИНИИ ХУРД
Rhinolophus hipposideros (Bechstein, 1800) Қатори
Дастқанотон ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои наълбинӣ ‒ Rhinolophidae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водиҳои Ҳисор, Вахш, қаторкўҳҳои Зарафшон, Туркистон, Боботоғ ва Бадахшон паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Тобистон дар ғорҳои сафедхок, тарқиши шахҳо, биноҳои гуногуни куҳнаи атрофи шаҳри Душанбе, Ҳисор ва водиҳои Вахшу Зарафшон маскан мегирад. Зимистонгузаронии ин кўршабпарак дар атрофи шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Дар қисмати шимолии Тоҷикистон дар конҳои куҳнаи қаторкўҳи Қурама ва кўҳи Муғул, ғори Чоркўҳ низ зимистон мегузаронад.

пешина
аз 256
навбатӣ