Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори чархресаки нақшин буридани дарахтони арча ва сар задани сухтор дар мавзеъҳои хоси зисти он ба шумор мераванд.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади ҳифз намудани чархресаки нақшин мавзеъҳои лонагузории онро ба рўйхат дароварда, зери муҳофизат қарор додан зарур аст. Ҳифзи арчазорҳои ғўруқи Қусавлисойро, ки муҳити асосии сукунати чархресаки нақшин ба шумор мераванд, пурзўр намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1973; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
СОЧИ БРАМИН
Sturnus pagodarum (Gmelin, 1789)
Қатори
Гунҷишқшаклҳо ‒ Passeriformes Оилаи
Сочҳо ‒ Sturnidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Сочи Брамин барои фаунаи Тоҷикистон намуди нав буда, бори аввал моҳи сентябри соли 2008 дар водии Вахон дар деҳаҳои Сумҷин, Рин, Дашт ва Змудғи ноҳияи Ишкошим ба қайд гирифта шудааст.
Водии Вахон эҳтимол қисмати шимолии масоҳати паҳншавии сочи Браминро дар бар мегирад.
Муҳити сукунат
Дар мавзеъҳои дарахтзори қадбаланди танаашон ковок зиндагӣ мекунад. Баъзан дар бешазори сирак ва боғҳо низ сукунат мекунад.
Дар ҳудуди водии Вахон асосан дар сафедорзор ва боғҳои атрофи деҳот ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Дар давоми солҳои 2008-2012 дар деҳаҳои Сумҷин, Рин, Дашт ва Змудғи ноҳияи Ишкошим аз 4 то
8 ҷуфти сочи Брамин ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Хусусиятҳои биологии сочи Брамин дар ҳудуди Тоҷикистон таҳқиқ карда нашудааст. Дар деҳаи Змудғи ноҳияи Ишкошим аз масолеҳи гуногун лонасозии он мушоҳида карда шудааст. Сочи Брамин парандаи нодири фаунаи Тоҷикистон буда, эҳтимол на ҳама вақт лона мегузорад.
Парвариш дар шароити сунъӣ.
Маълумот вуҷуд надорад.
ПАРАНДАГОН
Aves
Омилҳои маҳдудкунанда Буридани сафедорзор ва дарахтони мевадиҳандаи куҳан, ки ҷойҳои хоси лонагузории сочи Брамин мебошанд, боиси таназзули муҳити сукунати он мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади ҳифз намудани сочи Брамин туғайзорҳо ва дарахтони куҳанеро, ки ин паранда дар онҳо лона мегузорад ба рўйхат дароварда, зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдулназаров, Квартальнов, 2014.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ХОРПУШТИ ХОРДАРОЗ
Paraechinus hypomelas hypomelas (Brandt, 1836)
Қатори
Ҳашаротхўрон ‒ Insectivora Оилаи
Хорпўштҳо ‒ Erinaceidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Паҳншавии хорпушти хордароз пурра муайян карда нашудааст.
Дар Тоҷикистон аз соли 1952 маълум аст. Дар доманаи қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор ба таври хеле маҳдуд паҳн гардидааст.
Дар баландиҳои 350-1200 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар теппаҳо, доманакўҳҳо, атрофи кишти заминҳои лалмӣ, қад-қади маҷрои селбурдаҳо, заминҳои бекорхобида, ҷариҳо, сангтўдаҳо, баъзан дар вайронаҳо вомехўрад.
Саршумор
Солҳои 60-70-уми асри гузашта ҳангоми баҳисобгирии саршумори хорпушти хордароз шабона дар хати сайр бо автомобил дар доманаи қаторкўҳи Ҳисор дар масофаи 1000 км 5 фард ва дар адирҳои маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ғончию Истаравшан дар масофаи 2000 км 7 фарди он ба қайд гирифта шудааст. Саршумори умумии хорпушти хордароз дар Тоҷикистон тақрибан 550-800 фардро ташкил медиҳад.

пешина
аз 256
навбатӣ