Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Пурра таҳқиқ нагардидааст.
Дар қаторкўҳи Ҳисор (Кондара, Ишакталдӣ, Такоб, Зирч, Равот, Ҷайрахона ва ғ.), дарёи Варзоб ва шохобҳои он, қаторкўҳи Хазратишоҳ (ғўруқи Чилдухтарон) паҳн гардидааст. Эҳтимол дар қаторкўҳҳои Қаротегин, Вахш ва Дарвоз вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар дарахту буттазори нишебиҳои кўҳӣ ва қад-қади дарёҳо сукунат мекунад. Дар муҳити сукунати он анбўҳи фарк, чормағз, бодоми талхак, арча ва бушол месабзад.
Бештар дар байни шохҳои зичи буттаву дарахтон лона мегузорад.
Хеле эҳтиёткор аст.
Саршумор
Оид ба шумораи пашшахўраки зарддумак маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Дар соҳилҳои кушоди дарёҳои кўҳӣ, ки масоҳати хеле маҳдуд доранд ҷой гирифтани маҳалҳои сукунати хоси ин паранда сабаби камшумории он мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон ҳадди шимолу ғарбии масоҳати паҳншавии пашшахўраки зарддумак ҷойгир шудааст. Парандаи мавсимии лонагузор аст. Аз миёнаҳои моҳи март то аввалҳои моҳи май парида омада, тирамоҳ аз миёнаҳои моҳи август то миёнаҳои моҳи сентябр кўчиш мекунад.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ нагардидааст.
Миёнаҳои моҳи май ҷуфт МЕШАПАРАНДАГОН Aves вад.
Дар шохаҳои арча, фарк дар баландии 2-6 м лона мегузорад.
Лонааш аз ушна, пояҳои борики хушки гиёҳҳо, каҳмайда ва пар иборат аст. Қутри лона 7-8 см, баландиаш 5-6 см, қутри новаки лона - 5,8 см ва чуқуриаш - 4 см мешавад. 4 тухм мемонад. Тобистон як маротиба тухм мегузорад.
Парандаи ҳашаротхўр аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Буридани ҷангалзору буттазори дараҳо ва соҳили дарёҳои кўҳи, ки дар онҳо пашшахўраки зарддумак лона мегузорад, омили асосии маҳдуд гардидани саршумори он мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Доштани пашшахўраки зарддумакро барои коллексия манъ намуда, ҷангалзору бутттазори муҳити сукунати онро ҳифз намудан зарур аст. Паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин парандаро муфассал таҳқиқ намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Леонович, 1962; Иванов, 1969; Абдусалямов, 1973.
ПАРАНДАГОН
Aves
ЧАРХРЕСАКИ НАҚШИН
Leptopoecile sophiae sophiae (Severtzov, 1873) Қатори
Гунҷишқшаклҳо ‒Passeriformes Оилаи
Чархресакҳои думдароз ‒ Aegithalidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Пурра таҳқиқ нагардидааст. Дар нишебиҳои шимолии қаторкўҳҳои Туркистон, Ҳисор ва Зарафшон паҳн гардидааст.
Саршумор
Дар бораи саршумори чархресаки нақшин маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Селаҳои ҷудогонаи лонагузори он аз якдигар дар масофаи дур ҷойгир шудаанд. Саршумори ин паранда доимӣ набуда, дар солҳои гуногун дар ҳудуди зиёд тағйир мепазирад.
Мавзеъҳои хоси зист ва лонагузории чархресаки нақшин дар баландиҳои 2000-3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи муқимӣ аст. Ҷуфтшавӣ моҳи январ оғоз мегардад. Дар шохи арча (дар баландии 2-3 метр) лона мегузорад. Лона мудаввар ва мураттаб буда, аз паҳлў даромадгоҳ дорад. Қутри даҳанаи лона 50 мм, каъраш 65 мм ва гирдогирдаш 180-190 мм мебошад.
Соле 1 маротиба афзоиш намуда, 4-6 тухм мегузорад. Фардҳои модина ва нарина якҷоя тухмҳоро пахш менамоянд. Чўҷабарорӣ 14-17 рўз давом мекунад. Чўҷаҳо лонаро дар 18-23 - рўзагӣ тарк менамоянд.
Тобистон аз ҳашарот ва кирминаи онҳо ғизо мегирад. Дар хусуси ғизои зимистона маълумот вуҷуд надорад.

пешина
аз 256
навбатӣ