КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хусусиятҳои биологӣ Намуди кўчанда ва лонагузор аст.
Бозгашт ба мавзеъҳои лонагузорӣ даҳаи дуюми моҳи май мушоҳида карда мешавад. Дар нимаи моҳи июн ба лонасозӣ шурўъ мекунад.
Лонаҳо асосан дар шохаҳои буттаҳои ангат, гулхор, бед ва баъзан ширинбия сохта мешаванд.
Аз 2 то 4-5 тухм мегузорад.
Давраи тухмзеркунӣ 12-14 рўз давом мекунад. Баъди 9-10 рўзи аз тухм баромадан чўҷаҳо лонаро тарк мекунанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Омилҳои асосии махдудкунандаи саршумори гунҷишки нўлкалон
ПАРАНДАГОН
Aves таназзули туғайзорҳои беду ангат дар натиҷаи шусташавӣ ва бодлесшавӣ дар минтақаҳои лонагузории он мебошанд. Лонаи ин парандаро баъзан гурбаҳои хонагӣ, савсор, мири мушон ва дигар дарандагони туғайзор валангор мекунанд.
Тадбирҳои ҳифз
Айни замон оид ба ҳифзи гунҷишки нўлкалон чораҳои зарурӣ андешида нашудааст. Бо мақсади ҳифз намудани ин паранда мавзеъҳои лонагузории онро ба рўйхат дароварда, зери муҳофизат қарор додан зарур аст.
Паҳншавӣ ва чойҳои лонагузории онро муфассал таҳқиқ намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кистяковский, 1950; Квартальнов и др., 2011; Bensch, Pearson, 2002.
ПАРАНДАГОН
Aves
ПАШШАХЎРАКИ
БИҲИШТӢ
Terpsiphone paradisi leucogaster (Swainson, 1838) Қатори
Гунҷишкшаклҳо ‒Passeriformes Оилаи
Пашшахўракҳо ‒ Muscicapidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Туркистон, водии дарёи Зарафшон, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор, Дарвоз, Қаротегин, Пётри I, Қаратов, Ҳазратишоҳ ва Оқтов вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар анбўҳи буттаву дарахтзори паҳнбарги дараҳои кўҳӣ лона мегузорад.
Дар боғҳои сердарахт ва нишебиҳои кўҳ дар баландиҳои 800-2000 метр аз сатҳи баҳр низ маскан мегирад Саршумор
Дар ҳама ҷо камшумор аст. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамасола 5-6 ҷуфти пашшахўраки биҳиштӣ лона мегузорад.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи мавсимии лонагузор мебошад. Аз охирҳои моҳи апрел то миёнаҳои моҳи май парвоз карда меояд. Тирамоҳ аз миёнаҳои моҳи август то миёнаҳои сентябр парида меравад Миёнаҳои моҳи май баъзе ҷуфти он ба лонасозӣ cap мекунанд. Охирҳои моҳи май ва аввалҳои моҳи июн 4-5 тухм мемонад. Лифи маҳини растаниҳоро ба душохаи навдаҳои овезони чормағз, дўлона, сафедор ва ғайра печонида лона месозад.
Дар охирҳои моҳи июн ва моҳи июл чўҷа мебарорад. Чўҷаҳоро модина ва нарина ҳамроҳ калон мекунанд. Чуҷаҳо лонаро пурра паррончак нашуда, тарк менамоянд.
Аз нимаи дуюми август cap карда барои зимистонгузаронӣ парида мераванд. Ғизои пашшахўраки биҳиштӣ ҳашароти парвозкунанда мебошад.
Омилҳои маҳдудкунанда Фаъолияти хоҷагидории инсон, алалхусус буридани дарахту буттазорҳо ва омили ноҳинҷорӣ сабаби камшумор гардидани шилмуш мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади кор карда баромадани чораҳои муассир оид ба ҳифзи пашшахўраки биҳиштӣ дар мавзеъҳои сукунати он дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Ромит» ва Пойгоҳи ботаникии кўҳии Варзоб мунтазам таҳқиқоти илмӣ анҷом додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1973.
ПАШШАХЎРАКИ
ЗАРДДУМАК
Muscicapa ruficauda (Swainson, 1838 ) Қатори
Гунҷишкшаклҳо ‒Passeriformes Оилаи
Пашшахўракҳо ‒ Muscicapidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё