Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ПАРАНДАГОН
Aves
Хусусиятҳои биологӣ Ҷуфти шилмушҳо доимист. Дар лона 3-4, аҳён-аҳён 5 тухм мегузорад.
Чўҷабарорӣ 25-27 рўз давом мекунад. Шилмуш нармбаданҳо, ҳашарот, меваи олуча, ангур, дўлона, мушол, настаранро ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Фаъолияти хоҷагидории инсон, алалхусус буридани дарахту буттазорҳо ва омили ноҳинҷорӣ сабаби камшумор гардидани шилмуш мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи муҳити сукунат ва ҷойҳои лонагузории шилмушро дар мамнуъ­ гоҳи «Ромит» ва Пойгоҳи ботаникии кўҳии Варзоб (Кондара) пурзўр намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Попов, 1956; Иванов, 1969; Абдусалямов, 1973; Красная книга СССР, 1978; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
БУТТАГАРДАКИ
ОСИЁИМИЁНАГӢ
Phylloscopus sindianus (Brooks, 1879)
Қатори
Гунҷишкшаклҳо ‒ Passeriformes Оилаи
Гунҷишкҳои хушхон ‒ Phylloscopidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир аст. VU.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо дар Бадахшон дар водиҳои дарёҳои Шоҳдара, Ғунд, Панҷ ва Бартанг паҳн гардидааст. Дар туғайзорҳои водии Вахон (Змудғ) Ғунд (Деҳмиёна), Шоҳдара (Барвоз) ва Бартанг (Кўҳдара) лонаҳои он дарёфт карда шудааст.
Муҳити сукунат
Макони асосии сукунати бутагардаки осиёимиёнагӣ туғайзорхои соҳилӣ мебошанд, ки таркиби онҳоро асосан дарахтони бед ва ангат ташкил медиҳанд.
Саршумор
Дар маҳалҳои сукунати худ парандаи муқаррарӣ аст. Соли 2011 дар масоҳати дарозиаш 500 метр ва паҳноиаш 50 метр 9 адад бутагардаки осиимиёнагӣ ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар даҳаи якуми моҳи июн дар буттазорҳои ангат лона мегузорад.
Лона аз пояи растаниҳои ғалладонагӣ ва растаниҳои дигари алафӣ, баъзан аз шохаҳои борики бед сохта мешавад. 3-4 тухм мемонад. Даҳаи якуми моҳи июл чўҷаҳо лонаро тарк мекунанд.
Даҳаи дуюм ва сеюми моҳи сентябр ба ҷойҳои зимистонгузаронӣ кўчиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Таназзули туғайзорҳои беду ангат дар натиҷаи шўсташавӣ ва бодлесшавӣ дар минтақаҳои лонагузории буттагардаки осиёимиёнагӣ омилҳои асосии маҳдудкунандаи саршумори он мебошанд.
Лонаи онро баъзан гурбаҳои хонагӣ, савсор, мири мушон ва дарандагони дигари туғайзор вайрон мекунанд.
Тадбирҳои хифз.
Айни замон оид ба ҳифзи буттагардаки осиеимиёнагӣ чораҳои зарурӣ андешида нашудааст. Бо мақсади ҳифз намудани ин паранда мавзеъҳои лонагузории онро ба рўйхат дароварда, зери муҳофизат қарор додан зарур аст.
Паҳншавӣ ва ҷойҳои лонагузории онро муфассал таҳқиқ намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1973; Квартальнов и др., 2012.
ГУНҶИШКИ НЎЛКАЛОН
Acrocephalus orinus (Oberholser, 1905) Қатори
Гунҷишкшаклҳо ‒ Passeriformes Оилаи
Ҳиполидаҳо ‒ Hippolidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир аст. VU.
Паҳншавӣ
Дар туғайзорҳои Бадахшон лона мегузорад. Дар водиҳои Ванҷ, Рўшон, Вахону Помир, Шоҳдара, Занинс, Ғунд, Чартим, Бартанг, Танимас дучор меояд. Дар давраи кўчиши мавсимӣ дар Кондара низ ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Дар туғайзори деҳаи Змудғи Ишкошим 20 фарди гунҷишки нўлкалон ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар деҳаи Вездара 7 фарди он мушоҳида карда шудааст.
Муҳити сукунат
Дар туғайзори соҳилӣ, да¬раҳо, хоса дар бедзору ангатзорҳо сукунат мекунад. Барои лонагузорӣ бештар соҳили дарёю каналҳоро макони зист қарор медиҳад.

пешина
аз 256
навбатӣ