Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Парандаи ниҳоят нодир аст. Дар ҳудуди Помир ҳамагӣ 5-6 ҷуфти он лона мегузоранд.
Хусусиятҳои биологӣ Маълумот оид ба хусусиятҳои биологии ин зернамуд нокифоя аст. Парандаи муқимии Помир мебошад. Ҷуфтшавӣ дар моҳи март ба қайд гирифта шудааст.
Ҷуфт ва ҷойҳои лонагузорӣ доимӣ мебошанд. 3-4 тухм мегузорад.
Баъди лонаро тарк кардан фардҳои ҷавон дар муддати 30-40 рўз барои шикорро омўхтан бо ҷинсҳои нарина ва модина монда, баъдан мустақил мегарданд.
Парандагони гуногун ва хояндагонро шикор мекунад. Қитъаҳои шикорӣ солҳои зиёд истифода бурда мешаванд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Корҳои озмоишӣ оид ба парвариши бозӣ муғулӣ дар шароити сунъӣ гузаронида нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Маҳдуд гардидани манбаъи ғизо, шикор намудани бози муғулӣ ба мақсади тиҷорат, ноҳинҷор намудани он дар давраи афзоиш омилҳои асосии камшумор гардидани ин паранда мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз Ҷойҳои лонагузории бози муғулиро ба рўйхат гирифта, онҳоро таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусаломов, 1971.
ШОҲИН
Falco pelegrinoides (Temminck, 1829) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Шоҳинҳо ‒ Falconiidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
1 Конвенсияи «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст.
Паҳншавӣ
Баъзан дар нишебиҳои шимоли қаторкўҳи Туркистон (саргаҳи дарёи Исфара), ғарби қаторкўҳи Зарафшон (Майкада, Ёрӣ), доманаи нишебиҳои қаторкўҳи Ҳисор (қад-қади дарёи Кофарниҳон), нишебии қаторкўҳҳои Боботоғ, Оқтов, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Қаратов ва Дарвоз лона мегузорад.
Эҳтимол дар водии дарёи Шоҳдараи Бадахшон низ лона монад.
Муҳити сукунат Дар нишебиҳои шахсор ва сергили минтақаҳои кўҳии ҷануб ва ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунад.
Баъзан дар кўҳсори Тоҷикистони Марказӣ ва Шимолӣ вомехўрад.
Саршумор
Дар Тоҷикистон 11-13 ҷуфт шоҳин лона мегузорад. Парандаи муқимист, вале зимистон аз саргаҳи муҳити зист ва ҷойҳое, ки гунҷишк, лойхўрак, кафтар ва мурғони обӣ бисёранд, поён мефарояд.
Хусусиятҳои биологӣ Ҷуфти шоҳин доимист. Дар як лона чанд сол чўҷа мебарорад.
Тухмро (4-5-то) шоҳини модина пахш мекунад. Шоҳини НАРИПАРАНДАГОН Aves на ба он хўрок меорад ва лонаро ҳифз мекунад. Шоҳин аз оғози гузоштани тухми аввал тухмҳоро 28-29 рўз зер мекунад, бинобар ин чўҷаҳо баробар намебароянд.
Мурғобиҳои хурд, лойхўрак, кафтар, майна ва парандаҳои дигарро сайд мекунад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва парваришгоҳҳо хуб парвариш ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Вайрон кардани лонаҳо, доштан бо мақсади тиҷорат омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори шоҳин мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз Сайди ғайриқонунии шоҳинро пешгирӣ намуда, барои афзоиш кунонидани он парваришгоҳи махсус ташкил намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямов, 1971; Иванов, 1969; Степанян, 1969; Красная книга СССР, 1978; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
ЧИЛ
Ammoperdix griseogularis (Brandt, 1843) Қатори
Мурғшаклон ‒ Galliformes Оилаи
Тазарвҳо ‒ Phasianidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.

пешина
аз 256
навбатӣ