Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Дар қисми ҷанубу ғарбии
Тоҷикистон паҳн гардидааст.
Дар доманаи қаторкўҳҳои Ҳисор,
Боботоғ, Оқтов, Панҷу Каратов, дар ғарб то мавзеъҳои Яхчисори
Панҷ вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар кўҳсорҳои на он қадар баланд, нимбиёбонҳо, теппаҳои регдор ва ҷангалзор, ки аз растаниҳои бутташакли нодир, қабатҳои хурди харсангҳо таркиб ёфтаанд сукунат меёбад. Дар баланди
500 то 1400 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Дар тамоми мавзеъҳои зист камшумор буда, маълумоти аниқ оид ба шумораи он вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ
Дар охири моҳҳои апрел аз 7 то
14 тухм мегузорад. Давомнокии чўҷабарории парандаи модина
20-24 рўзро дар бар мегирад. Дар моҳи сентябр чўҷаҳо ба воя мерасанд.
Парандаи муқимӣ буда, ғизогирии гуногун дорад. Душманони табиии кабк, парандаҳои дарранда, морҳо ва ширхўрон ба шумор мераванд.
Парвариш дар шароити сунъӣ
Дар шароити парваришгоҳ озодона тухм гузошта, афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда
Омилҳои асоси маҳдуд гардидани саршумори ин намуд азхудкунии минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон ва хушк шудани ҷойҳои обнўшӣ ба шумор мераванд. Аз тарафи аҳолии маҳаллӣ сайд ва нигоҳдории кабки биёбонӣ низ боиси маҳдудияти шумораи он гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Пурзўр намудани чораҳои мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ ва ғўруқ эълон намудани мавзеъҳои хоси сукунати чил дар мавзеъҳои Оқтов,
Даҳанакиик, Лоҳур, Эсанбой ва
Хоҷабехоб барои барқарор гардидани саршумори он мусоидат мекунанд.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусаломов, 1971.
ҶИРКАБК
Perdix daurica (Pallas, 1811)
Қатори
Мурғшаклон ‒ Galliformes
Оилаи
Тазарвҳо ‒ Phasianidae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар нишебии шимоли қаторкўҳи Туркистон (Шаҳрис­ тон, Майкада ва Ёрӣ) вомехўрад.
Ҳадди ҷанубу шарқии сукунатгоҳи он аз ҳамин ҳудуд мегузарад.
Муҳити сукунат
Бештар дар нишебиҳои алафзор ва настаранзори анбўҳи кўҳ зиндагӣ мекунад. Дар баландиҳои
1200 - 2200 м аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Парандаи муқимӣ аст.
Саршумор.
Парандаест хеле камёфт буда, аҳён-аҳён дучор меояд.
Хусусиятҳои биологӣ
Таҳқиқ карда нашудааст.
Аввалҳои май ҷуфт ва охирҳои моҳи август селаро (8-12-тоӣ) ба вуҷуд меорад. Душманони ҷиркабк рўбоҳ, шағол, парандагони соҳибчангол мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда
Ҳудуди Тоҷикистон дар канори ҷанубии масоҳати паҳншавии ҷиркабк воқеъ гардидааст ва дар ин ҷо саршумори он зиёд нест.
ПАРАНДАГОН
Aves
Тадбирҳои ҳифз
Муҳофизати ҷиркабкро чун парандаи нодир бештар дар байни оммаи васеи мардум тарғиб бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямов, 1971.
ПАРАНДАГОН
Aves
МУРҒИ ҲИЛОЛИ ТИБЕТӢ
Tetraogallus tibetanus
(Gould, 1854)
Қатори
Мурғшаклон ‒ Galliformes
Оилаи
Тазарвҳо ‒ Phasianidae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Ба замимаи
1 Конвенсияи «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд»
(CITES) ворид гардидааст.
Муҳити сукунат хўшадор, лўбиёгӣ ва ғ. ташкил
Паҳншавӣ
Дар минтақаҳои баландкўҳи медиҳанд. Бургут ва дигар паранДар Помири Шарқӣ дар қатордорои нишебиҳои серхарсандагони соҳибчангол онро сайд кўҳҳои
Сарикўл, Музкўл, Аличугу марғзорҳои алпӣ дар баланмекунанд.

пешина
аз 256
навбатӣ