КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити сунъӣ имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз тарафи шикорчиёну ғўруқшиканҳо бо мақсади дилхушӣ сайдшудани калхоти ҳимолоӣ боиси камшумории он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Айни замон се маҳали лонагузории калхоти ҳимолоӣ маълум аст. Дар ин мавзеъҳо нобуд шудани ҷангалзори паҳнбарг ва арчазоронро пешгирӣ намудан зарур аст. Муҳофизати ин намудро дар ғўруқи Искандаркўл, ки яке аз мавзеъҳои аниқи лонагузории калхоти ҳимолоӣ ба шумор меравад, пурзўр бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971.
БОЗИ (БОЛОБОНИ)
ТУРКИСТОНӢ
Falco cherrug coatsi (Dementiev, 1945) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Шоҳинҳо ‒ Falconiidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар кўҳҳои Муғул, қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш ва мавзеъҳои наздикўҳии Оқтов, Хоҷақозиён вомехўрад.
Муҳити сукунат
Ҷойи хоси сукунати он нишебиҳои кушодаи қаторкўҳҳо, водиҳои байникўҳӣ ё фазои кушод (даштҳо, майдонҳо, адирҳо), ки дар баландиҳои аз 600 то 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд ба шумор меравад. Лонаҳои ҷуфтҳои лонагузор дар масофаи 25-30 км аз ҳамдигар дур ҷойгир шудаанд.
Саршумор
Дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 30 ҷуфти ин паранда лона мегузорад. Саршумори бози туркистонӣ сол аз сол маҳдуд мегардад.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи лонагузори кўчанда мебошад. Дар синни яксолагӣ ба балоғат мерасад. Дар тарқиши харсангҳо, ҷариҳои ҷангалзор лона гузошта аз 2 то 4 тухм мегузорад.
Тухмгузорӣ моҳи февралмарт ҷараён мегирад. Давомнокии чўҷабарорӣ 28-30 рўзро дар бар мегирад. Баъди лонаро тарк кардан фардҳои ҷавон дар муддати 30-40 рўз барои шикорро омўхтан бо ҷинсҳои нарина ва модина монда, баъдан мустақил
ПАРАНДАГОН
Aves мегарданд. Аз хояндагон ва парандагон ғизо мегирад. Ба сифати парандаи соҳибчангол барои шикор аз ҷониби завқмандон истифода бурда мешавад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва парваришгоҳҳо хуб парвариш ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Вайрон кардани лонаҳо, доштан бо мақсади тиҷорат омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори бози туркистонӣ мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Сайди ғайриқонунӣ ва доштани чўҷаҳои бози туркистониро пешгирӣ намудан зарур аст.
Ба мақсади барқарор намудани саршумори ин паранда парваришгоҳи махсус барои афзоиш кунонидани он ташкил намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Иванов, Штегман, 1978; Абдусаломов, 1971.
ПАРАНДАГОН
Aves
БОЗИ (БОЛОБОНИ) МУҒУЛӢ
Falco cherrug milvipes (Jerdon 1871)
Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Шоҳинҳо ‒ Falconiidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар Помир вомехўрад.
Маълумоти боэътимод оид ба дучор омадани бози муғулӣ дар водии дарёи Аличур, дар мавзеъҳои Модиён, атрофи Қизилработ инчунин дар атрофи кўлҳои Қарокўл, Рангкўл ва Яшилкўл ба даст оварда шудааст.
Муҳити сукунат
Харсангҳо, шахкўҳҳое, ки на дуртар аз кўлҳо ва дарёҳои Помир воқеъ гардидаанд, инчунин водиҳои байникўҳӣ макони хоси зисти бози муғулӣ ба шумор мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё