КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Солҳои 30-40-уми асри гузашта, ҳудуди паҳншавии паланги туронӣ туғайзорҳои водиҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу ва Ёхсуро дар бар мегирифт.
Саршумори паланг дар солҳои 50-уми асри гузашта тамоман маҳдуд ва ба нестӣ расид.
Ҷасади охирини аз тарафи шикорчиён паррондашудаи паланг дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Муҳити хоси зисти паланги туронӣ ҷангалзор ва туғайзорҳои наздисоҳилие буданд, ки ба онҳо таъсири инсон нарасида буд.
Дар солҳои 40-уми асри гузашта дар натиҷаи босуръат аз худ гардидани мавзеъҳои хоси зист, ҳамчунин маҳдуд гардидани саршумори тўъма - гавазни бухороӣ, хуки ёбоӣ, ғизол паланги туронӣ дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии Тоҷикистон пурра маҳв гардид.
Саршумор
Ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта, дар поёноби дарёи Вахш 15-20 фард ва дар охири солҳои 40-уми асри гузашта, дар тамоми туғайзорҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 10-15 фарди паланги туронӣ боқӣ
ШИРХЎРОН
Mammalia монда буд. Соли 1948 дар масофаи 100 км туғайзори соҳилҳои чап ва рости дарёи Вахш танҳо
3 изи гуногунҳаҷми паланг ба қайд гирифта шуда буд. Дар туғайзори дарёи Қизилсу дар ин солҳо 3-5 паланг вомехўрд. Дар Тоҷикистон паланги туронӣ ба рўйхати ҳайвоноти маҳвгардида дохил карда шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 3-солагӣ болиғ мешавад.
Давраи ҳомиладорӣ 105-112 рўз идома ёфта, баъди ҳар 2-3 сол 2-4 насл медиҳад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Паланги туронӣ дар ягон боғи ҳайвоноти дунё боқӣ намондааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ гардидани туғайзорҳо, маҳдуд гардидани саршумори тўъма, таъқиб ва шикор аз ҷониби инсон омилҳое буданд, ки боиси маҳвшавии паланги туронӣ гардиданд.
Сарчашмаи иттилоот:
Виногардов и др., 1935; Чернышев, 1950, 1958; Банников, Соков, 1972; Красная книга СССР, 1978
ШИРХЎРОН
Mammalia
ЛЕОПАРДИ НАЗДИОСИЁГӢ
Panthera pardus ciscaucasica (Satunin, 1914) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Гурбаҳо ‒ Felidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии на¬мудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд»
(CITES) ворид гардидааст.
Паҳншавӣ
Аввалҳои асри гузашта, дар минтақаҳои кушоди доманакўҳҳои қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон паҳн гардида буд. Соли 1945 ду фарди леопардро дар кўҳи Такакамар сайд кардаанд.
Худи ҳамон сол изи пои онро дар пистазори кўҳҳои Қаратов ва кўҳҳои Хоҷақозиён дидаанд.
Соли 1948 дар кўҳи Гарданишутур
3 фарди леопардро шикор намудаанд. Дар солҳои охир фардҳои алоҳидаи леопарди наздиосиёгӣ дар куҳҳои Панҷу Қаратов, Оқтов, Хоҷақозиён ва Боботоғ мушоҳида карда шудааст.
Муҳити сукунат Дар нишебии қаторкўҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ дар баландии 1000-2200 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад. Дар ҷангалзори сираки писта, арча, дўлона, инчунин бодоми талхак ва анбўҳи наботот маскан мегирад. Дар мавзеъҳои пештараи зисти леопард саршумори гусфанди кўҳии бухороӣ, ки тўъмаи асосии он мебошад, зиёд буд.
Саршумор
Маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 3-солагӣ болиғ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё