КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳо то миёнакўҳҳои баландиашон аз 300 то 1800 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад. Макони асосии сукунати он туғайзор, даштҳои сафедхок, адирҳо ва дараҳои сералаф ба шумор мераванд.
Саршумор
Маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Дар тамоми мавзеъҳои паҳншавӣ аҳён-аҳён вохўрда, камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Андозааш ба гурбаи калони хонагӣ баробар аст. Дарозии тан 50-65 см ва баландии қадаш то 45 см ташкил медиҳад. Ранги пўсташ хокистарранги равшан буда, доғи
ШИРХЎРОН
Mammalia сиёҳ дорад. Думаш аз ҳалқаҳои сиёҳи барқад иборат аст. Давраи ҳомиладориаш то 70 рўзро дар бар гирифта, аз 2 то 6 бача таваллуд мекунад. Баъди як сол ба балоғат мерасад. Шом ва шабона фаъол аст. Хояндагон, парандагон, хазандагон ва ҳашаротро шикор мекунад. Эҳтимол ба парандагони хонагӣ (мурғ ва мурғобӣ) ҳуҷум мекунад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубин дар шароити сунъӣ имконпазир аст. Озодона афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Азхудкунии минтақаҳои биёбон, нимбиёбон ва наздикўҳӣ, чаронидани чорво боиси маҳдуд гардидани муҳити сукунат ва саршумори гурбаи даштӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Таблиғи ҳифзи ин намуд зарурият дорад.
Сарчашмаи иттилоот.
Виноградов и др., 1935.
ШИРХЎРОН
Mammalia
СИЛОВСИН
Lynx lynx isabellinus (Blyth, 1847) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Гурбаҳо ‒ Felidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар минтақаҳои наздикўҳӣ, кўҳӣ ва баландкўҳи қаторкўҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ, Ҷанубӣ-Ғарбӣ, ҳамчунин Бадахшону Помир паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар минтақаи ҷангалзори кўҳӣ, алалхусус дар арчазорҳо ва ҷангалзори паҳнбарг (1900-3300 метр аз сатҳи баҳр) сукунат мекунад.
Дар кўҳсори беҷангали Бадахшон (2500-4000 метр аз сатҳи баҳр) ва Помир (3800-4600 метр аз сатҳи баҳр) низ вомехўрад.
Саршумор
Дар гузашта саршумори силовсин дар ҳудуди Тоҷикистон нисбатан зиёд буд. Масалан, дар давоми солҳои 1953-1968 ба нуқтаҳои пўстқабулкунии ҷумҳурӣ 332 адад пўсти силовсин супорида шуда буд. Саршумори силовсин дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта 50-70 фард баҳогузорӣ карда шудааст. Дар бораи саршумори ҳозираи он маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар дусолагӣ болиғ мешавад.
Моҳи феврал ҷуфт мегардад. Давраи ҳомиладорӣ 60-70 рўз давом карда, дар охирҳои моҳи апрел ва аввалҳои моҳи май 1-4, аксар маврид
3 насл таваллуд мекунад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва боғҳои ҳайвонот парвариш меёбад ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Саршумори силовсин бо сабаби аз ҷониби инсон ва сагҳои чўпонӣ таъқиб гардидан, сайд кардан ба воситаи дом, кам гардидани саршумори тўъма, ноҳинҷорӣ, таназзул ёфтани муҳити сукунат сол аз сол маҳдуд мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Шикори ғайриқонунӣ ва ба воситаи дом доштани силовсинро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додан лозим аст. Корҳои тарғиботиро оид ба ҳифзи он пурзўр намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Виноградов и др., 1935; Соков, 1971; Анпилогова, Соков, 1973; Красная книга СССР, 1978.
ПАЛАНГИ ТУРОНӢ
Panthera tigris virgata (Illiger, 1815) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Гурбаҳо ‒ Felidae Мақоми ҳифз
Зернамуди маҳвгардида. EX. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё