Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
саворон биён, то Самакро ба лашкаргоҳ барем ва аз он сандукҳо ду сандук ба ту диҳам.
Ҷалдак хуррам шуд, рӯй ба роҳ ниҳод, то ба лашкаргоҳ равад, роҳ гум кард, ба талояи Хуршедшоҳ афтод. Талоядор Сурхи Кофар буд. Ӯро бидид ва бишинохт ва пеши вай бозомад. Гуфт:
— Эй Ҷалдак, ба чӣ кор омадаӣ?
Ҷалдак чун Сурхи Кофарро бидид, фурӯ монд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, маро хабар доданд, ки туро бигирифтанд ва Тайрок омаду бидиёнро бурд. Ман омадам, ки аҳволи ту боздонам ва бо ту бигӯям, ки чӣ кунам.
Ин сандукҳо куҷо барам, ки набояд, ки Самак биёяд ва бибарад.
Сурхи Кофар гуфт:
— Бозгард ва ҷойгоҳ нигоҳ дор, ки Самакро фиристодаам ман, ки сандукҳоро биёварад, ту низ бо вай ёр бош.
Ҷалдак рӯй ба роҳ ниҳод, то ба талояи лашкари Арманшоҳ расид. Сайлами паҳлавон талоядор буд, пеши вай бозомад. Гуфт:
— Кӣстӣ?
Гуфт:
— Аз пеши Конун омадаам ва муждагонӣ овардаам ва пеши шоҳ хоҳам бурд.
Сайлам ӯро бар паси асп гирифт ва ба боргоҳи Арманшоҳ овард. Ҷалдак бо шоҳ аҳволи гирифтани Самак бигуфт. Чун бишунид, хуррам шуд. Пишоте бар дили вай падид омад. Гуфт:
— Эй Сайлам, зуд бо сад савор ба шаҳр рав ва чун рӯз шавад, ба сарои Конун рав ва Самакро биёвар.
Сайлам, чун субҳ бидамид, бо саворон рӯй ба шаҳр ниҳод ва Ҷалдак бо эшон.
Мо омадем ба ҳдиса Самак, ки дир ҷойгоҳи Конун дар банд буд. Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин нақл мекунад, ки чун Хотуру Конун Самакро дар банд карданд ва Ҷалдакро бифиристоданд, то шоҳро хабар диҳад, то мард бифиристад ва Самакро бибарад, Самак дар он хона дар банд ва Беҳзоду Размёр хуфта. Ишон ҳарду хуррам дар ҳуҷра шуданд ва биҳуфтанд.
Ҳак таоло тақдир кард, ки Конунро духтаре буд мастура

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё