Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ва номи ӯ Рӯзафзун — Хоҳари Беҳзоду Размҷёр буд. Аммо дар боби мардиву айёрӣ чолок буд, ки шабу рӯз пинҳону ошкоро таълим кард ва ҳунар омӯхтӣ он чӣ мардонро ба кор ояд ва ҳама вақт аҳволи Самак мешунид, ки чӣ корҳо мекунад ва офарин бар вай мекард. Пас, дар он шаб чун ӯро маълум шуд, ки Самакро дар он сарой бигирифтанд, ғамнок шуд. Бо худ андеша кард, ки «дареғ бошад чун Самак марде ба ҳеҷ барбол ояд. Дар олам чӣ бад кардааст, ки ӯро мебояд куштан? Ҷуз мардиву айёрӣ чизе аз вай намеояд. Аз баҳри он ки мард аст, ӯро наметавонанд дидан. Беҳтар аз он нест, ки биравам ва ӯро аз банд бикушоям, то биравад». — Ин бигуфт ва бархост ва бар он хона омад, ки Самак он ҷо буд. Ҳар ду бародари худро дид хуфта.
Пӯй дарниҳод аз эшон даргузашт. Қулф дид бар дари хона уфканда. Бо худ гуфт: «Агар қулф бишиканам, тарсам, ки бародарони ман бедор гарданд ва кори Самакро зиндон дорад». Пас корд баровард ва гӯшаи дарро бикушод ва дарро бо остон баргирифт ва бар гӯшае биниҳод.
Самак ин кирдор медид, бо худ худ гуфт: «Магар касе омад? Надонам чӣ кор дорад. Ҳар ки ҳаст, ба салоҳ меояд вагар на, дарро накандӣ ва чунин хомӯш наёмадӣ». — Ин меандешид ва гӯш медошт, то Рӯзафзун пеш омад ва даст сокин бар вай ниҳод. Рӯзафзун гуфт:
— Эй озодмард, нашрояд, ки мардон чунин кунанд ва сайд аз хонаи шерон талаб кунанд.
Самак гуфт:
— Эй озодмард, ту кистӣ ва чӣ ном дорӣ?
Рӯзафзун гуфт:
— Туро бо номи ман чӣ кор?
Пас ба чора аз дасту пои вай банд баргирифт. Гуфт:
— Сари худ гиру бирав.
Рӯзафзун ин бигуфт ва берун омад ва ба ҷои худ рафт ва нигоҳдорӣ мекард, то Самак аз он хона берун омад.
Самак хуррам буд. Талаби Ерух кард. Гуфт: «Ӯро раҳо бояд кардан». — Бар он хона омад, ки вайро боздошта буданд. Дар бикушод ва Ерухро берун овард.
Самак бо худ гуфт: «Ин ҳар ду ҷавонанд, нашрояд куштан». Пас талаби Хогуру Конун кард. Ба дарни хуҷ-
1 Мастура — парданишини, зери парда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё