Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Чӣ гӯӣ?
Гуфт:
- Ин мард, ки шуморо мутриб аст, ба ҳилат омадааст ва ӯро Самак айёр гӯянд ва шумо аз кори вай ғофил.
Чунони Самак шуниданд, аз ҷой биҷастанд, то ӯро бигиранд. Самак гуфт: «Агар даст биҷунбонам, маро бикушанд. Тан дардихам, то қазо чӣ кунад». Ӯро барбастанд. Хотуру Конун дар Самак нигоҳ мекарданд ва аҷаб доштанд, ки сахт ҳақир буд. Мегуфтанд: «Марде бад-ин заифӣ ин ҳама корҳо мекунад? Чун Сурхи Кофар мардеро ин бибурд?» - Гуфтанд:
- Гурӯҳро барбандед, ки ин талбис ӯ кардааст.
Гурӯҳро низ барбастанд. Хотур гуфт: - Эй Конун, Самакро низ ин ҷо нашояд куштан.
Магар ӯро пеши Арманшоҳ барам, то ӯро ба аломат ҳалок кунад.
Самак ин маънӣ бишунид, гуфт: «Доме бисозам, то ҳам имшаб аз ҳалок бираҳам ва фардо он чи бошад - бошад». Забон баркушод ва гуфт:
- Эй исфахсолор, маро ин ҷойгоҳ ҳалок кунед чунон ки хоҳед, ки ман бисёр кор кардаам ва ба ҷуз аз марди ва айёрӣ аз ман наёмадааст, ки сазои аломат бошад; чун маро кушта бошед, сари ман ба лашкаргоҳ баред.
Гуфт:
Орс, аз марг азамати худ мехоҳӣ, ки сари ту пеши подшоҳ барам. Ба яздони додор, ки ман туро ин ҷо накушам, магар пеши Арманшоҳ ба аломатҳои зишт, то донӣ, ки фарзанди ман набояд гирифт ва кардаи ман ба бод барнабояд дод.
Самак бо худ гуфт: «Аз куштан эмин шудам, то фардо худ чӣ бошад». – Дям даркашинд.
Пас ҳар дуро он ҷойгоҳ бияфканданд ва ӯро биҷустанд. Дашна ва каманду кисаи дору аз миёни Самак бикушоданд. Пас ҳар якеро дар хонае карданд.
То эшон ин кор карданд, Беҳзоду Размёр ба хона бозомаданд аз баҳри осоиш. Ин аҳвол бишуниданд, хуррам шуданд. Конун бо фарзандон гуфт:
- Шумо дар хона пеши Самак мебошед.
Пас Хотуру Конун бо Чалдак гуфтанд: - Барлезу пеши Арманшоҳ рав ва ин хабар бигӯй, ки ин кор ту кардӣ ва мужда биситон ва бомдод бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё