Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ровард ва тарабрӯдро дар нола овард ва овози самоъ баровард ва суруде фироқӣ гуфт ва овозе хуш, чунон ки Ёрухро мадҳуш кард. Гуфт:
— Шод бош, эй паҳлавон, ки ба ҳамаи ҳунарҳо оростӣ!

ПАС ҳарду аз сарой берун омаданд, самоъкунон дар шаҳр мегаштанд. Соате Самак суруде мегуфт, замоне Ёрух самоъе мекард, то бар дари сарои Қонун расиданд. Ёрух дар шаҳр маъруф буд. Ӯро Ёруҳи девона мегуфтанд. Чун овози самоъи эшон ба гӯши Қонун расид, гуфт:
— Ёруҳи девона дар шаҳр мегардад.— Сар аз дарича берун кард, гуфт: — Эй девона, ба боло дарой.

Дари сарой бикушоданд. Ёруху Самак ҳар ду ба боло баршуданд ва хизмат карданд. Қонун эшонро бинишонд. Пас бифармуд, то чизе биёварданд ва бихӯрданд. Пас шароб бад-ишон доданд. Шароб бихӯрданд ва самоъ карданд. Як замон буд, овози дари сарой баромад. Қонун бифармуд, то дар бикушоданд. Яке даромад ва хизмат кард. Самак нигоҳ кард: Чалак буд, дарбони Сурхи Кофар. Самак бо худ гуфт: «Ин ҳаромзода ба чӣ омадааст?» — гӯш мекард, то Чалак гуфт:
— Эй исфаҳсолор, даҳ сандуқи зару ҷавоҳир аз они Сурхи Кофар дорам. Чун осӣ шуд, он амонат ба ман дод. Беш аз ин нигоҳ наметавонам дошт. Бар ту омадам, то биситонӣ ва ба харҷ кунӣ. Набояд, ки Самак ояд ва биситонад. Чун бихӯрӣ, беҳтар бувад.

Самак бо худ гуфт: «Ин ҳаромзода чаҳор сандукро аз миён бурдааст».
Хотуру Қонун гуфтанд: «Нек омад».
Ӯро бинишонданд ва шароб мехӯрданд. Чун соате баромад, гуфтанд:
— Эй Чалак, шароб ба ин ҷавони мутриб деҳ, ки навбати ӯст.

Чалак бархост ва шароб дар даст гирифт. Самак бархост ва сар дар пеш афканд, то ӯро нашиносад. Чалак дар вай нигоҳ кард, биларзид ва кадаҳи шароб аз дасти вай бияфтод. Хотуру Қонун гуфтанд:
— Эй Чалак, ту ҳанӯз шароб нахӯрдӣ, маст шудӣ.
Чалак гуфт:
— Эй озодмардон, медонед, ки куҷо нишастаед ва бо кӣ шароб мехӯред?
Қонун гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ