Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Неку андеша кардӣ.
Ин бигуфтанд ва бозгаштанд.
Сурхи Кофар пеши Хуршедшоҳ омад ва аҳволи Қатрон бигуфт. Хуршедшоҳ офарин кард. Пас ҳар ду сипоҳ рӯй ба осоиш ниҳоданд ва талоягони ҳар ду сипоҳ берун омаданд. Аз лашкари Хуршедшоҳ Сурхи Кофар бо Шарвони Ҳалабӣ берун омад ва аз он ҷониб Арманшоҳ талоя ба фарзанди хеш дод. Қизилмалик бо Сайлами паҳлавон бо дувоздаҳ ҳазор мард берун рафтанд. Аз ҳар ду ҷониб ҳушёру бедор ва сипоҳ ором гирифта.

Омадем ба ҳадиси Самак ва кори ӯ, ки дар шаҳри Мочин ба куҷо расид. Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин гӯяд, ки Самак дар шаҳри Мочин чун аз сарои Сурхи Кофар бадар омад, ба сарои он пирзан омад ва аҳвол бо Ёрух бигуфт, то лашкари шаб даррасид ва синоҳи рӯз мунҳазим шуд ва хиёми шаб афрошта шуд ва теғи рӯз дар ғилоф рафт ва хуршеди фалак сар ба дари ахзар ниҳод. Ҷамшеди шаб алами Аббосиён барпо кард. Ҷаҳон торикӣ гирифт ва олам чу киру қат-рон шуд ва аз чашми бинандагон пинҳон гашт. Самак бархост, ки аз сарой берун ояд, Ёрух гуфт:
— Эй паҳлавон, чаҳорсад мард дар шаҳр мегарданд ва Беҳзоду Размир ба асас мегарданд ва ба худ гирифтаанд, ки шаҳрро нигоҳ доранд ва Конупу Хотур дар сароянд.
Самаки айёр гуфт:
— Ҳар ки пой дар ин кор ниҳод, бояд ки ҳама чиз донад ва агар надонад, биёмӯзад. Ман ҳар чӣ дар ҷаҳон бинам, биёмӯзам, чунон ки як замон аз омӯхтан холӣ набошам, аз баҳри он ки маро рӯзе ба кор ояд ва агар он кор надонам, оҷиэ бимонам; тарабрӯде пеши ман овар.
Ёрух низ ҳавас дошт ва меомӯхт, ки ишқ дар дил дошт ва тарабрӯд дар сарой дошт. Баёвард ва пеши Самак биниҳод. Самак баргирифт ва дар канор ниҳод ва гӯшҳо бимолнду пардаҳои вай рост кард, чунон ки Ёрухро мадҳуш кард ва аҷаб бимонд ва захмаро ба кор да-

1 Мунҳазим — гурезанда.
2 Хиём — ҳаймаҳо;
3 Ахзар — сабз, кабуд

пешина
аз 283
навбатӣ