Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас, нома мӯҳр барниҳоду кас фиристод ва Шабдизро, ки ғуломи вай буд, бихонд. Чун Шабдиз биёмад, хизмат кард. Меҳрони вазир аҳволҳо бози вай намуд ва он чӣ тавонист аз макру ҳилат, шарҳ дод.

Гуфт:
— Туро ин нома ба шаҳри Мочин бояд бурдан ва ба дасти Арманшоҳ додан.

Шабдиз хизмат кард ва гуфт:
— Фармонбардорам.

Нома баргирифт ва аз пеши Меҳрон берун омад ва тартиби роҳ кард ва бирафт шабу рӯз, то ба шаҳри Мочин расид.

Хабар ба Арманшоҳ бурданд, ки марде аз шаҳри Чин омадааст. Ҳоҷиб бирафт ва дасти Шабдиз бигирифт ва ба хизмати Арманшоҳ овард. Шабдиз хизмат кард ва нома берун овард ва бӯса доду пеши Арманшоҳ бинҳод, бар гӯшаи тахт.

Шоҳ вазире дошт номи вай Шаҳрон. Вазири Арманшоҳ нома баргирифт ва маонии нома бо шоҳ бигуфт. Шоҳ аввал аз он кор хуррам шуд. Қизилмалик болои сари падар истода буд, чун номи духтар шунид, нишоте ба дили вай баромад, ки дер сол буд, ки он орзу дошт ва аз бими доя наметавонист гуфтан. Чун ӯро маълум шуд, ки доя намондааст, гуфт:

— Эй падар, банда биравад ва ин кор тамом кунад ва Хуршедшоҳу шоҳ Фағфур даст баста бар ин даргоҳ оварам ва духтари вай дар канор гирам.

Арманшоҳ бо Шаҳрони вазир гуфт:
— Чун мебинӣ, ки кӯчак коре нест ва занбӯрхона нашояд ошуфтан ба гуфтори Меҳрони вазир.

Қизилмалик ҳаваси духтар дар сар гирифта буд, хизмат кард ва гуфт:
— Эй падари бузургвор, агар қавли Меҳрони вазир дуруст ояд, худ нек, вагарна, банда ба захми шамшер он вилоят ба даст оварад. Аз ин андеша нест, ки муқовимати эшон бо мо аз дояи ҷоду буд. Акнун бар ин кор миён бандам ва духтари шоҳи Фағфур ба даст оварам ва дар канор гирам.

Арманшоҳ гуфт:
— Ман аз баҳри духтар фитна нахоҳам ангехт ва ҷаҳон дар ошӯб доштан. Агар духтар туро хоҳад буд, берапче худ ба ту расад. Агар Меҳрони вазиру Шерафкан коре хоҳанд кардан, ки эшон тамом кунанд, мо биравем ва

пешина
аз 290
навбатӣ