Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
маро бошад, подшоҳи худ аз они ману туст, кори Фағфур худ битавон сохт.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй паҳлавон, шоҳ духтар ба ту надиҳад, ки ман беш аз ин сухан нахоҳам гуфтан, ки агар чунин будӣ, кор осон баромадӣ. Аммо як чора сохтаам, то чӣ рою савоб бинӣ.
Шерафкан гуфт:
— Бигӯй.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй паҳлавон, тадбир чунон сохтаам, ки нома нависам ба шоҳи Мочин — Арманшоҳ аз қавли туву ман, ки Меҳронам. Ӯро бо Фағфур душманӣ аст аз чанд гуна ва бештари сабаб духтар будааст, ки хостгорӣ кард. Фағфур гуфт: «Фарзанд бифирист, то ҷавоби масъалаҳои доя бикшояд ва духтар зани вай бошад».
Дар нома чунин ёд кунам, ки: «Фағфур дар подшоҳӣ берою тадбир шудааст ва ҳар чӣ мекунад, писандида нест.
Ман, ки Меҳронам, бо паҳлавон Шерафкан чунон рой задем, ки шоҳи ҷаҳон Арманшоҳ фарзанди хеш Қизилмалик бо сипоҳе гарон бад-ин вилоят фиристад, то ҷумлаи сипоҳи Фағфур дар ҷаҳон овора кунем ва он гоҳ тавонем дар байъат оварем ва низ чун баъзе дар байъат овардем, боқӣ банд барниҳем бо Фағфур ба хизмат фиристем». Пас, Маҳпарӣ — духтари шоҳи Фағфур, ки аз моҳи осмон некӯтар аст, дар канори ту кунам, ки Қизилмалик шоҳу шоҳзодааст ва бидонад, ки ҳамаи бозори Фағфур аз дояи ҷоду буд. Акнун доя аз миён бархост. Аммо ба шарте, ки подшоҳии шаҳри Чин Шерафканро мусаллам дорад. Ва чун ин кор барояд ва Қизилмалик бифиристад, Фағфурро даст баста ба вай диҳем ва духтари шоҳ пинҳон кунем ва гӯем, «бимурд» ва чун Қизилмалик бозгардад ва подшоҳӣ туро шавад, он гоҳ духтар дар канори ту кунам.
Шерафкан гуфт:
— Эй вазир, некӯ рою андеша кардӣ ва тариқи некӯ гуфтӣ.
Пас, Меҳрони вазир нома навишту ба ҳилату макр бисиришт ва он чӣ донисту тавонист, ба Арманшоҳ намуд ва ҷумлаи аҳвол дар нома ёд кард ва дар охири нома шарҳ дод, ки чун шоҳзода Қизилмалик расида бошад, мо бандагон дарсохта бошему ҷумлаи раият хосу ом дар тоат оварда.
Шерафкан хуррам шуд ва офарин кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё