Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
сохтаву пардохта баргирем ва он гоҳ он чӣ маслиҳат бошад, кунем, ки ин кори писандида нест. Подшоҳон чун бишнаванд, маро сарзаниш кунанд. Чун Меҳрони вазиру Шерафкан коре бисозанд, охир баҳона бошад ва бадноми бар эшон бошад.
Қизилмалик гуфт:
— Чунин аст, ки ту мегӯӣ, валекин ман ба хостгории Маҳпарӣ хоҳам рафтан ва чун ба наздик расам, расул бифиристам ва духтар хоҳам, то худ чӣ ҷавоб ояд. Агар Меҳрони вазир коре сохтааст, ки дасти мо аз он дур бошад, худ нек, вагарна ба баҳонаи духтар кор месозам.
Арманшоҳ гуфт:
— Эй писар, маслиҳат нест, аммо туро бознатавонам доштан, ки он ҳавас туро афтодааст, фурӯ натавонам гузошт.
Дарҳол бифармуд вазирро, то сӣ ҳазор савор номзад кард бо ду паҳлавон: яке ном Қатрон ва якеи дигар ном Қатур ва бародарон буданд.
Чун Қизилмалик хайма аз шаҳр берун зад, Арманшоҳ бифармуд, то ҷавоби номаи Меҳрони вазир бозкарданд ва дар нома ёд кард, ки: «Он чӣ рои бузургвори Меҳрони вазир буд, мо он писандидем ва шукри вай гуфтем ва меҳри вай дар дили мо зиёдат гашт. Ва низ паҳлавони Шерафкан азони мост ва он чӣ мақсуди вай аст, ба ҳосил аст. Аз баҳри қавли эшон фарзанд — Қизилмалик фиристодам. Чунон ки бояд, созад ва корҳо тамоми кунад.
Вассалом».
Пас, нома мӯҳр барниҳод ва ба дасти Шабдиз дод ва ӯро хилъат фармуд ва гусел кард.
Шабдиз мерафт ва Қизилмалик дунболаи вай мерафт, то ба сарҳадди Чин расиданд. Чун Қизилмалик рӯй ба Чин овард, даст ба тороҷу ғорат баркушуд ва ғорат карданд ва сӯхтан фармуд.
Як рӯз ногоҳ додхоҳон ба даргоҳи Фағфур омаданд ва аз дасти зулми лашкари Мочин фарёд карданд.
Фағфур бо Меҳрони вазир гуфт:
— Бингар, ки лашкари Арманшоҳ чӣ месозанд ва дасти бедоду фитна баркушодаанд ва надонам, ки ин далерии эшон аз куҷо бархостааст ва донам, ки эшонро Арманшоҳ фиристодааст. Мехоҳад, ки оламе хароб шавад ва сад ҳазор мард сар дар хок шавад; моро бо ӯ ҳеҷ коре нест ва ҳамеша ӯро осуда доштаем. Аз баҳри як сухан, ки ӯ аз мо духтар хосту надодем, дилозурда шудааст. Аз ин ҷиҳат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё