Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Заранди ҷарроҳро ба зиндон бурданд, он ҷо, ки Шағоли Пилзӯрро боздошта буданд.
Шағол гуфт:
— Эй бародар, туро чӣ буд ва ба чӣ ба зиндон кардаанд? Заранди ҷарроҳ ҳамаи аҳволҳо бозгуфт. Гуфт:
— Эй бародар, фориғ бош, чун ӯро ба ҷон ранҷе нест, зуд бошад, ки ҳамаро бадар барад.
Аммо чун Маҳрӯяи наббош аҳволҳо маълум кард, биёмад ба хонаву ҳама бо Самак бозгуфт. Самак аз ҷиҳати Заранди ҷарроҳ дил машғул шуд, аммо бар вай офарин кард бад-он ҷавонмардӣ, ки карда буд.
Пас, гуфт:
— Эй бародар, ҳеҷ донӣ, ки Шағоли Пилзӯру он ҷавонмардонро куҷо боздоштанд ва Хуршедшоҳу Фаррухрӯзро низ куҷо боздоштаанд?
Маҳрӯя гуфт:
— Надонам аз айёрон чанд тан мондаанд, аммо донам, ки Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯру чанд тани дигар мекуштаанд. Эшонро дар зиндон боздоштаанд дар фалон ҷойгаҳ.
Самаки айёр гуфт:
— Эй бародар, имшаб ҷаҳд кунаму биравам, бошад, ки эшонро бадар оварам. Ту ҷойгоҳе дорӣ, ки ман эшонро пинҳон кунам?
Маҳрӯя гуфт:
— Ҷойгоҳе дорам нек дар зери замин сохта.
Ин бигуфтанд, то шаб даромад ва Самак дар сарои Маҳрӯя машғул.
Аз он ҷониб чун Заранди ҷарроҳро ба зиндон бурданд, мебуд, то шаб даромад.
Гуфт:
— Эй исфаҳсолор Шағол, маро дар дил меояд, ки имшаб ё фардо шаб моро халос ояд аз ин ҷой.
Пас, чун зангии шаб ниҳод дар олами румӣ сурат, хиромид ва вилояти турк ба ҷанги ҳабаш супурд, Самак бархосту он чӣ ба кор буд, баргирифт: аз корду каманду сӯҳону ғоз 1 ва он чӣ ба кор боист ва рӯй ба кор ниҳод, то ба сарое омад, ки зиндон буд ва Шағол бо ҷамоати айёрон ва Заранд он ҷо боздошта буданд.
1 Г о з — қайчӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё