Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак перомуни зиндон баргашт, то як ҷойгоҳ ба даст овард, каманд барандохт ва устувор кард. Пас, рӯй ба болои гунбад ниҳод, нигоҳ кард, бандиён дид. Корд бароварду он дарича фароҳ кард ва сари каманд бар болои гунбад устувор кард; даст дар каманд зад, аз боло ба зер омад. Нигоҳ кард, Шағолро дид ва он айёрон. Салом гуфт ва эшон офарин карданд.

Заранд гуфт:
— Эй Самак, ба фарёди ман рас, ки беш аз ин тоқати чӯб хӯрдан надорам ва аз бисзёрии чӯб, ки аз баҳри ту хӯрдам, наметавонам буд. Пеш аз он ки эшонро бадар барӣ, маро берун фирист.

Самак гуфт:
— Ҷойгоҳ дорӣ, ки пинҳон шавӣ, вагарна бо ман бийӣ.

Заранд гуфт:
— Эй Самак, ҷойгоҳе дорам, ки агар як сол пинҳон бошам, кас роҳ ба ман надонад.

Самак банд аз пои вай баргирифт ва гуфт:
— Ҳар ҷой, ки хоҳӣ рафтан, бирав.

Гуфт:
— Ба куҷо равам, маро роҳ бинмой.

Самак гуфт:
— Эй Заранд, соате сабр кун, то ман биёяму эшонро бикшоям ва бо ҳам биравем. Заранд фарёд баровард ва гуфт:
— Эй Самак, маро фарёд рас, ки беш аз ин тоқат намедорам. Зинҳор, ки маро ба берун фирист.

Самак дар кори вай фурӯ монд, ки ба ҷон бирасида буд.

Пас, ӯро ба каманд баст ва худ ба боло баромад ва ӯро баркашид ва аз он ҷо фурӯ гузошт.

Гуфт:
— Сари хеш гиру бирав, чунон ки касе туро набинад.

Чун Заранди ҷарроҳро фурӯ гузошт, дигарбора ба зери гунбад шуд пеши устоди хеш Шағол. Ва сӯҳону гоз баровард ва аз пои вай банд баргирифт, пас ҳамаро банд баргирифт. Ҳама хуррам шуданд ва бар Самак офарин карданд.

Самак гуфт:
— Агар ҳама ба каманд биравем, кор дароз шавад; роҳ талаб бояд кардан.

Пас, бар дари зиндон омад, то дар бикшоданд ва қуфл барзада буд устувор аз ҳарду ҷониб аз баҳри эшон, ки

пешина
аз 290
навбатӣ