Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Ин кор аз дасти ин барнаёяд. Марди ҳаҷҷом ин нақм надонад буридан.
Дигаре мегуфт:
— Мумкин бошад, ки ин кор дигаре кардааст ва ин мард будӣ расида ва ин қадр ба вай додааст.
Аз ҳар гуна сухан мегуфтанд ва Маҳрӯяи наббош омада буду он ҳодисаҳо мешунид, то Заранд, ба сарои шоҳ бурданд ва пеши тахти шоҳ бидоштанд.
Саиди Чавҳарӣ гуфт:
— Эй бузургворшоҳ, дӯш ба дуккони банда омадаанд ва нақм буридаанду даҳ бадраи зар бурдаанд. Ҳар бадра ҳазор динор ва аз бомдод нишони ин зар дар дасти ин ҷарроҳ пайдо омад.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй мард, ин зар аз куҷо овардӣ? Рост бигӯй, то туро ба ҷон зинҳор диҳам.
Заранд гуфт:
— Ин зар ба роҳ дидам афтода, баргирифтам, ки ба сарой барам, рӯзии ман набуд, аз ман бияфтоду бо худованд расид.
Меҳрони вазир гуфт:
— Дурӯғ мегӯяд, ҷаллодро бихонед, то ӯро чӯб занад. Ҷарроҳро аз боргоҳ берун бурданд дар уқобайн 2 кашиданд ва дасти чӯб бар вай кушоданд. Заранд бо худ гуфт: «Эй тан, туро беш аз чӯб нахоҳанд задан, мардӣ кун ва худро ба дасти чӯб боздеҳу ин роз ошкоро накун, ки номардӣ бошад аз барои сад чӯб ё ҳазор чӯб марде боздодан; зинҳор роз нигоҳдор ва агар худ туро ба захми чӯб бикушанд ва ба захми чӯб мурдан беҳ бошад аз хиёнат кор фармудан ва мардеро ба ҷон дарбожидан. Хосса чун Самак марде!»
Ин бигуфту тан дар чӯб дод. Ҷаллод ӯро чӯб мезад ва чандон чӯб зад, ки ҳафт андоми вай пора-пора шуд ва хун равона гашт ва Заранд ба ҳеҷ гуна иқрор накард ва наёвард. Ба ҷуз он ки мегуфт: «Зар ба роҳ дидам».
Чун кор аз ҳад бигузашту иқрор наёвард, аҳвол ба Меҳрони вазир бигуфтанд.
Меҳрони вазир гуфт:
— Ӯро ба зиндон боздоред, то бигӯям, ки бо ӯ чӣ мебояд кардан.
1 Ҳаҷҷом — нештарзан, рағзан.
2 Уқобайн — ду чӯби баланд, ки гунаҳкоронро дар он баста чӯб зананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё