Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо бозгардед, то фардо ман ин аҳвол бинигарам, то чун хоҳад буд.

Шағолу Самак боз хона омаданд ва аҳволи рафта бо Хуршедшоҳ бозмегуфтанд. Пас, чун рӯзи дигар субҳ баромад, Фағфуршоҳ ба тахт баромад ва ба ҷои худ бинишаст. Меҳрони вазиру Шерафкан ба хидмат омаданд ва ҳар яке ба ҷои худ бинишастанд. Шоҳ Фағфур хашмолуд рӯй ба Меҳрони вазир кард ва гуфт:

— Эй Меҳрон, ман пиндоштам ту маро вазир ва мамлакат нигоҳ дориву кор созӣ ва подшоҳии ман бикунӣ, ту худ ба шаб ба саройҳо меравӣ ва духтари подшоҳон медуздӣ. Ҳар ки ба сарои касе равад, зару қимошот барад, ту одами зинда мебарӣ. Духтари маро чаро бурдӣ? То бо вай чӣ кунӣ? Ин чӣ беадабӣ аст, ки ту мекунӣ?

Меҳрони вазир аз гуфтори шоҳ биҳаросид. Гуфт:

— Эй бузургвор шоҳ, духтари ту Самак бурда буд, ғуломи ман Шабдиз ба вай расид, аз вай биситад, ба сарои ман бурд. На нек буд, ки ӯро раҳо накард, ки ба сарои айёрон бурдӣ ва номи зиштӣ беш аз ин будӣ? Аммо гуноҳи ман буд, чунин корҳо дигарон кунанду ҷавр бар ман бошад. Ва дигар он, ки фарзанди ман ба он хорӣ бикуштанд ва дигар ҳар беҳурматӣ, ки бо ман кунанд, бо ту кардаанд ва дигар, ба шаб ба сарои ту меоянду духтар мебаранд ва туро ҷавр аз эшон аст, ки ба хонадони ту мекунанд. Вагарна он будӣ, ки Шабдизи ман будӣ, ӯро бурда буданд. Ман пиндоштам, ки кори некӯ мекунам. Акнун чун на нек аст, дигарбора накунам. Медонам, ки ту чунин бошӣ ва ин айёрпешагон чунин бошанд. Дер аст, то мулк аз дасти ту рафтааст, ки овоза дар олам биравад. Гӯянд: «Шоҳ Фағфур бо шаст марди айёр барнамеояд» ва лашкар қасди хонаи ту кунанд аз ҳар ҷониб, он гоҳ нек набошад. Тадбире бояд туро аз дасти ин айёрон бозраҳӣ ва туро беш аз ин номи зиштӣ ба ҳосил наёяд. Ин ҳама салоҳи кори ту металабам. Ту пиндорӣ, ки ман дар кори ту хилоф меҷӯям ва духтар аз дасти муште дузду авбошон бозраҳонидам, то номи зиштӣ ба ҳосил наёяд. Мегӯӣ, ки «бо духтари ман чӣ кор дорӣ?» Ман он чӣ донистам, кардам. Агар на некам, вазире беҳтар аз ман ихтиёр кун, ки кори ту беҳтар аз ин бисозад.

Шоҳ Фағфур аз бисёре, ки вазир бигуфт, фурӯ монд, гуфт:

— Чӣ тадбир созам?

пешина
аз 290
навбатӣ