Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шоҳ Фағфур туро мехонад. Шағол донист, ки ба чӣ кор.

Шағол бархост ва Самак бо вай бо ходим ба сарои шоҳ омаданд, шоҳ дар сарои занон буд. Шағол бо Самак даррафтанду хидмат карданд.

Шоҳ гуфт:

— Бигӯй, то дар ҳама умр, ки ман подшоҳам, бо ту чӣ бад кардам ва чӣ ранҷ бар ту ниҳодам, то туро аз ҷумлаи кор боздоштаам? Ҷумлаи шаҳр дар фармони ту аст. Мусодираву мутолибаи шаҳр ба хости ту мебошад. На ба неку на бад аз ту бозхосте накардаам. Ин ҳама аз баҳри хидмати қадим ва дигар бар он сабаб кардам, ки қадам дар кӯи ҷавонмардон ниҳодай ва тариқи ҷавонмардӣ дорӣ. Чаро бояд, ки номи неки ман ба бад бадал куниву номи зиште ба хонадони ман оварӣ ва духтари ман бар мисоли дуздон аз хона берун барӣ? Ин чӣ подоши ман аст? Донам, ки дар мардиву ҷавонмардӣ раво набушод ин беҳурматӣ кардан; ва духтари ман куҷост? Пеш аз он, ки рӯз равшан шаваду халқе мардум аз ин кор огоҳ шаванд.

Шоҳ Фағфур ин сухан бигуфт. Самак хидмат кард, гуфт:

— Эй шоҳ, ҷавонмардон дурӯғ нагӯянд, агар сари эшон ба он кор биравад. Ин кор ман кардаам. Ба сарои шоҳ омадам ва духтарро даст бар вай наниҳодаму бар вай нигоҳ накардам, то пештар ба гувоҳии яздон бо хоҳариву бародари бо вай гуфтем. Дар он ҷаҳону дар ин ҷаҳон маро хоҳар аст ва ин кор баҳри он кардам, ки бо худ андеша карда будам, ки аз макри Меҳрони вазир эмин набудам, аз ин ҷиҳат метарсидам. Омадаму духтар бурдам. Чун аз болои бом ӯро фурӯ гузоштам, гуфтам ба сарои худ барам, то чун рӯзи ақд бувад, ӯро аз сарои бародари хеш берун оваранд. Шабдиз — ғуломи Меҳрони вазир бар қавоми кор буду ӯ низ аз барои ин кор омада буд. Чун ӯро фурӯ гузоштам, ба замин расидам, каманд дидам бурида ва ӯро бурда. Акнун ман Шабдизро гирифтам ва духтар дар сарои вазир аст. Шоҳ Фағфур фурӯ монду гуфт: «Ин чӣ меҳнат аст, ки пеши ман омадааст аз ин вазиру аз ин духтар. Чаро дунболаи духтари ман дорад? Аз ман чӣ мехоҳад, ки ин маъни мекунад ва ошӯбу фитна дар ҷаҳон меафканад ва мардумро саргардон мекунад?». Ва аз ин маъни бо худ мегуфт. Пас, Шағолу Самакро берун фиристод, гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ