Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Замоне буд, Меҳрони вазир сар баровард ӯ гуфт:
— Эй шоҳ, банда тадбире медонад. Агар фармояд, бигӯям ва ҷуз бар ин чора, аз дасти айёрон натавон раст.
Шоҳ гуфт:
— Бигӯй.
Меҳрони вазири ҳаромзодаи бадфеъл гуфт:
— Эй шоҳ, бифармой, то дувист ғуломи турк бо силоҳи тамоми дар хонаҳо пинҳон шаванд ва рӯзи ақди Хуршедшоҳ кас фирист, то ҷамоати айёрон ва Фаррухрӯзу Хуршедшоҳ ба даргоҳ оянд бе силоҳ. Чун аз нон хӯрдан фориғ шаванд маҷлиси базм биёёранд, ғуломон аз хонаҳо берун оянд ва дасти теғ бар эшон кушоянду ҳамаро пора-пора кунанд ва шаҳр аз балои эшон осуда гардад ва ту бимониву духтар ва подшоҳӣ, чунон ки хоҳӣ, мекун.
Фатфур гуфт:
— Бо ин ҳама нек тадбире кардӣ.
Ин бигуфтанду мебуданд ва ҳар кас ба хидмат омаданд бар қоидаву бозгаштанд. Чун вазир ба сарой омад, духтари шоҳро хидмат карду он чӣ тавонист аз ҳадя бо духтар ҳамроҳ карду боз хонаи падар фиристод.
Пас, рӯзи дигари ваъдаи даҳрӯз буд, шоҳ боргоҳ сохт ва ҷумлаи умарои давлату хосагиёнро бихонду кас фиристод, то ҷамоати айёрон бо Самаку Хуршеду Фаррухрӯзу Шағоли Пилзӯр биёмаданд. Ҳоҷибони даргоҳ ва хидматгорон пешвоз омаданд, гуфтанд:
— Шоҳ мефармояд, ки имрӯз рӯзи ақд асту шодӣ, бесилоҳ дароед. Силоҳро дар миёни мо коре нест.
Ҳамагон силоҳ боз карданд, бе силоҳ дар шуданд. Пас, чун Хуршедшоҳ бо дигарон пеши тахти шоҳ расиданд, хидмат карданд ва Хуршедшоҳ бар дасти рости шоҳ бар тахт нишаст ва бародар — Фаррухрӯз ба ҳукми хидмат болои сари вай бозистод. Шағоли Пилзӯр ва Самак бинишастанд ва он шаст марди айёрпеша ҳар ки нишастанӣ буд, бинишастанд ва ҳар ки истоданӣ буд, биистоданд.
Ва он ғуломон дар мағзи оҳан ниҳон гаштаву дар хонаҳо дар камин нишаста. Пас, хон бияфканданду нон бихӯрданд. Чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, дастҳо бишустанд, маҷлиси базм биёростанд ва ба вай самоъ ба сар бурданд.
Пас, ба ҳоҷибе фармуд, то биравад ва ҷамоати аҳли шаҳр ва афозил ва уламову кадхудоён ҳозир гардонад. Ҳоҷиб биёмад аз андарун ба берун рафту бинишаст. Ба ҳоҷиб гуфта буданд, то биравад ва бар дари боргоҳ биншинад.

пешина
аз 290
навбатӣ