Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
1 донад задан, ки дар ин зери об равад ва бингарад, то куҷо меравад.
Маҳрӯяи наббош дар об рафт. Бар миқдори ду тири пуртоб дар он об шуд. Роҳ фарох буд. Ногоҳ равшанӣ падид омад, чун бинигарид, нардбони чӯбин дид; бар он нардбон бар боло шуд. Боғе дид хушу хуррам.
Гуфт: «Аз бало растем!» Бо худ гуфт: «Дар ин боғ ба рӯз натавонам рафт. Набояд, ки касе моро бубинад ва дар бало афтем». Пинҳон мебуд, то шаб даромад ва ҷаҳон сиёҳу торик шуд. Маҳрӯя гирди боғ бармегашт, то роҳе ба даст орад, ки боғе бузург буд.
Ногоҳ овози симоъ ба гӯши Маҳрӯя расид, бар он ҷониб рафт. Рӯшноии шамъ дид. Нигоҳ кард, Маҳпариву Рӯҳафзоро дид, ки шароб мехӯрданд ва лоло Солеҳ бо чанд канизакон истода. Маҳрӯя назора мекард, то канизакон пароканда шуданд. Духтари шоҳ ва Рӯҳафзову лоло Солеҳ бимонданд.
Маҳрӯя гуфт: «Чӣ тадбир созам? Агар худро бинамоям, набояд, ки ҳалок кунандам ва он роз ошкоро шавад, ночор моро бигиранду ба ҷон зинҳор надиҳанд»1, ки ногоҳ духтари шоҳ бархосту рӯй ба сарой ниҳод.
Аз қазо, гузари духтари шоҳ дар боргоҳи падар афтод, бар дари он хона, ки Самакро он ҷо боздошта буданд ва менолид. Нолаи вай ба гӯши духтари шоҳ омад.
Гуфт:
— Эй лоло, бингаҳ, то кист.
Лоло Солеҳ дар он хона рафт, Самакро дид афтода.
Гуфт:
— Эй малика, Самаки айёр аст.
Духтар гуфт:
— Ӯро пеши ман овар.
Лоло гуфт:
— Эй Самак, бархез, то туро пеши духтари шоҳ барам.
Самак гуфт:
— Эй лоло, дасту пои ман бикшой.
Лоло дасту пои вай бикшод.
Гуфт:
— Ман зӯр надорам, ки бархезам.
Лоло дасти ӯро бигирифту пеши духтари шоҳ овард.
Хидмат кард.
1 Ошноҳ — шиноҳ, шино кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё