Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
бимонданд. Дарҳол ки мо аз кӯча берун омадем, ҳезум оварданд ва бар сари кӯча бинҳоданд ва оташ заданд. Ман худро дар миён афкандаму Шерафканро бикуштам, ки ӯ қасди мо бисёр мекард, гирифтор омадам. Намедонам, ки эшон куҷо рафтанд. Дар кӯчаи Сангин нестанд.
Меҳрон гуфт:
— Ту ҷавонмардӣ накардӣ ва қавме дар бало афкандиву худ берун омадӣ ва мардӣ туро мусаллам аст?
ПАС, дигар бор оғози чӯб задан кард. Ҷаллод ӯро дар уқобайн кашид ва чӯби бисёр зад.
Самак гуфт:
— Эй вазир, маро ба чӯб кушта гир, оқибат чӣ хоҳӣ кардан, ки он чӣ туро мурод аст, нахоҳӣ ёфт ва шоҳ аз макри ту ғофил аст.
Аз ин сухан, ки дарандохт, худро бозраҳонид. Вазир битарсид. Пиндошт, ки чизе аз он аҳвол ӯро маълум аст, набояд ки бигӯяд. Шоҳ Фағфурро андеша падид омад.
Гуфт: «То он чист, ки гуфт?»
Пас, бифармуд:
— Ӯро банд барниҳед ва боздоред, то бингарам, ки бо вай чӣ бояд кардан.
Самак аз чӯб хӯрдан чунон буд, ки беҳуш бияфтод.
Муаллифи ахбор нақл мекунад, ки он ҷамоат ки дар он кӯчаи Сангин гирифтор буданд, чун оташи тез диданд, рӯй ба поёни кӯча ниҳоданд, роҳ баста буд. Бо ҳам гуфтанд, ки моро нақб бояд буридан, ки сӯрохе биканему биравем, охир ба ҷойгоҳе сар бароварем. Ин сухан бигуфтанд, ҳамагон нақб буриданд. Ногоҳ сӯрохе падид омад ва нардбоне пайдо шуд. Он ҷавонмардон роҳ боз карданд ва бар он нардбон фурӯ рафтанд. Миқдори даҳ поя нардбон буд. Чун ба зер шуданд, сарое диданд фарох, чаҳор суффа рӯй дар рӯй оварда ва дар миёни сарой моҳидон ва оби равон аз он ҷониб берун меомад ва аз гӯшаи дигар берун мешуд ва реҳ фарох буд. Аҷаб доштанд. Гирди ҳамаи сарой баргаштанд, ҳеҷ набуд, магар об.
Гуфтанд:
— Охир аз балои оташ растем, моро сари сӯрох мебояд гирифтан, то ҳеҷ кас ба мо роҳ надонад.
Кавме гуфтанд:
— Моро чора бояд кардан, ки роҳ падид оварем ва аз роҳи гузари об роҳе падид ояд. Моро касе бошад, ки ошноҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё