Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
имкон ва ҳуқуқи соҳиб шудан ба мероси бой ва қадими маданӣ буд. Мо имконият пайдо кардем, ки ин меросро биёмӯзем ва дар дасти мардум гузорем...
Ман шахсан ба таърихи гузаштаи давраи шӯравӣ назари холисона дорам, ҳеҷ набошад, мекушам, ки дар арзёбӣ ва интиқоди худ мунсиф ва ҳақгӯй бошам....» (саҳ.7-8).
Фасли ҳаштуми китоб «Душанбе-Самарқанд» номида шуда, дар ин боб ба муҳити адабию фарҳангии Самарқанди солҳои охир таваҷҷуҳи хоса дода шудааст. Муаллифи китоби хотираҳо бори дигар ба зодгоҳаш Самарқанд ва одамони барӯманди он, аз ҷумла аҳли илму адаб, эҳтиром доштани худро баён карда, дар бораи се тан аз бузургони ин ҷо ҳамчун Воҳид Абдулло, Раҳим Муқимов ва Ботур Валихоҷаев хотираҳояшро муфассалтар нақл карда, оид ба хизмати ҳар яке аз онҳо дар рушду камоли илму адаб ва фарҳангу маърифати Ӯзбекистону Тоҷикистон, дӯстию ваҳдати халқҳои тоҷику ӯзбек суханҳои самими баён намудааст.
Ниҳоят китоб, бо боби «Хотима. Худоё, худро бишносам» ба поён расида, ин ҷо муаллиф эътиқоди худро нисбат ба Худою расул бо худшиносии шахсӣ ва он чи, ки дар ҳаёти худ аз сар гузаронида, бо одамони гуногунфикру гуногунақида: дарёдилу дурандеш, саховатпешаву дасткушод, ҳасуду бахил вохӯрдааст, аз дидаву шунидаҳояш хеле ҷолиб ба қалам додааст ва «Худоё, худро бишносам!» гӯён ба китоб нуқта гузоштааст.
Бояд гуфт, ки дар ҷой-ҷояш овардани оятҳо аз Қуръони карим, гуфтаҳои Муҳаммад (с), шеърҳо аз худу дигар шоирон, қайдҳо аз мактубҳо, санадҳо ва ғайра китобро ширадор кардааст.
Чунон ки ба назар мерасад, қисми асосии китоб ба Самарқанду Тошканд бахшида шуда, дар он даҳҳо нафар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё