Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
аҳли илму фарҳанг ва маорифи Ӯзбекистон, мавзеъҳои гуногуни Самарқанду Тошканд ёдовар шудаанд. Аз ин рӯ ин китобро метавон як манбаи бузургу бебаҳо барои донистани таърихи дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек, гузашта аз он мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистон дар як давраи муайяни таърихӣ шуморид.
Дар китоб инчунин доир ба даҳҳо нафар адибону донишмандон, ҳунармандон ва шахсони дигар низ сухан меравад, ки ба бунёди фарҳангу илму адабиёти навини тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.
Расул Ҳодизода маҳорати бемонанди нигорандагии худро, ки аз навиштани рисолаву мақолаҳои пурмуҳтаво, китобҳои дарсӣ ва очерку ҳикояҳо ва қиссаву романҳои пурарзиши таърихӣ ҳосил карда буд, дар навиштани ин китоби худ ба кор бурдааст.
II
Китоби дигари Расулхон Ҳодизода, ки “Самарқанднома” номида шудааст, аз таърихи Самарқанд, урфу одат ва гуфтугузори мардуми ин шаҳри бостонӣ ҳикоят мекунад.
«Самарқанднома» ба шарафи 2750-солагии Самарқанд тавассути нашриёти «Адиб» соли 2007 дар Душанбе нашр шудааст. Ин китоб ба як маънӣ давоми мантиқии китоби «Худоё, худро бишносам» буда, гӯё бахши ба Самарқанд бахшидаи онро тақвият додаву мукаммал менамояд.
Китоб аз «Пешгуфтор» ва фаслҳои «Дар кӯчаҳои Самарқанд», «Гузарҳои Самарқанд», «Осори меъмории таърихӣ», «Мадрасаҳои Самарқанд», «Бозор, корвонсарой», «Васоили ҳамлу нақл», «Ҳаммомҳои Самарқанд», «Поёни сайри Самарқанд» иборат буда, дар навбати худ се боби аввал боз ба қисматҳои зиёде ҷудо шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё