Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин аст, ки фаслҳои минбаъда «Сталинбод» ва «Маскав» номида шудааст. Ин фаслҳо низ бо баёни воқеа ва шахсони гуногун, ки ҳар яке барои рушду камоли муаллиф дар ҷодаи илму эҷод ва ҷаҳонбинии ӯ нақше гузоштаанд, саршор аст, ки тафсири ҳамаи онҳо ин ҷо аз имкон берун аст.

Ҳаминаш ҷолиби диққат аст, ки муаллиф доир ба ҳар як фарде ки сухан меронад, ӯро аввало аз дидгоҳи инсонӣ, дуюм аз ҷиҳати дар ҷомеа чӣ нақшу чӣ корнамоӣ нишон додани ӯ тасвир менамояд ва ҷо-ҷо ба андешаҳои дигар ҳамкорон ва ё фардони ҷудогона нисбат ба ҳамон шахсе, ки сухан дар бораи ӯ меравад, рӯшанӣ меандозад. Дар поёнии ин гуфтаҳо нисбат ба он ашхосе, ки аз дунё даргузаштааст, албатта дуои хайре мекунад. Чунин баҳодиҳии ҳақиқатнигорона ва эҳтироми хайрхоҳона нисбат ба гузаштагон ҳусни китобро афзудааст.

Муаллиф ба гузаштаи наздик низ аз назари адиби ҳақиқатнигор дуруст баҳо медиҳад:

«Фазои наву хушҳавои маънавии ҷомеаи тозабунёди мо зодагони солҳои бистуму сиюмро зуд аз банди идеологияи коммунистӣ раҳоӣ бахшид ва мо барои хизмат дар сохтани ҷомеаи демократии мамлакат сахт азм намудем. Ҳарчанд ба равшанфикрон ва аҳли илму адаб зимомдорони давлат камтар ғамхориву эҳтиром зоҳир менамуданд ва маоши зиндагии мо танг ва эҳтиёҷмандона буд, вале азми қатъии мо дар хизмати ҷомеаи нав суст намешуд.

Муносибати мо ба гузаштаи ҷомеаи шӯравӣ, ба тарзи умумӣ гӯям, ҳам мусбату ҳам интиқодӣ аст. Мо айбҷӯйиро як сӯ гузошта, аз рӯи инсоф бояд гӯем, ки дастовард va табаддулотҳои куллии таърихии ҷомеаи худро дар муддати ҳафтод соли таърихии шӯравӣ ба тарзи ҳаққонӣ арзёбӣ бояд кард. Яке аз неъматҳои маънавие, ки мо ба шарофати ҳокимияти шӯравӣ ба он даст ёфтем,

пешина
аз 315
навбатӣ