Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз дар ҳамин ҷо муаллиф оид ба равнақи барномаҳои тоҷикии радиои Тошканд, аз ҷониби сарвари ҳамонвақтӣ ҷумҳурии Ӯзбекистон Усмон Юсуфов эътибор додан ба инкишофи он бо далелу бурҳон маълумот медиҳад.

Дар ҷашни 500-солагии Навоӣ иштирок кардани Айнӣ ва Лоҳутӣ барин ду сардафтари адабиёти навини тоҷик, мулоқоти муаллиф бо онҳо, дар пешрафти фарҳанги ӯзбеки тоҷик пайваста хизмат намудани ҳунарпешагони номӣ ҳамчун Саодат Қобилова, Шаҳодат Раҳимова, Салимахон Хоҷаева, Мутаваккил Бурҳонов, Берта Давидова, Баҳмал (Барно) Исҳоқова, Яъқуб Довудов ва дигарон, вохӯрии муаллиф бо шоири маъруфи ӯзбек Ғафур Ғулом ва шеърҳои тоҷикӣ навишта, онҳоро баъди аз назари шоир ва мутарҷими тоҷик Мунирхон Муинзода гузаронидан барои интишор тақдим кардани ӯ, иштироки фаъолонаи тоҷикони Бухоро дар фаъолияти театри драмавии ба номи Ҳамза, сафари муаллиф ба Сталинобод бо мақсади мукаммал гардондани хазинаи радио бо сабтҳои суруду мусиқии тоҷикӣ, гуфторҳои олимону адибони тоҷик, бо Мирзо Турсунзода баъди сафари Ҳиндустон вохӯрда, аз вай чанд шеъри тозаашро гирифтани муаллиф ва ғайра низ аз саҳифаҳои дурахшони китоб ҳисоб меёбанд.

Солҳои таҳсил дар Тошканд сипарӣ шуда, баъди хатми донишгоҳ Расул ба Сталинобод, ки ба мутахассисони соҳибихтисос эҳтиёҷ дошт, раҳсипор мешавад. Минбаъд бо салоҳдиди устод Айнӣ ба аспирантура дохил шуда, онро дар Маскав бо ҳимояи рисолаи номзадӣ ба итмом мерасонад ва баъди муддате кор дар Иттифоқи нависандагон боз ба Сталинобод баргашта фаъолияти минбаъдаи ӯ ба пойтахти давлати Тоҷикистон вобаста шуда мемонад.

пешина
аз 315
навбатӣ