Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
донишкадаи нав дохил мешаванд. Тошканд дар ҳаёти Расули ҷавон як олами наве мекушояд, ки дар ин хусус як фасли калони китоб бо унвони «Тошканд» бахшида шудааст.
Пайваста бо таҳсил дар факултети шарқшиносӣ, шунидани маърузаҳо ва гирифтани таълим аз шарқшиносони маъруф, ки ба ин ҷо аз Маскав ва Ленинград (Санкт-Петербург) омада буданд, Расули ҷавон муддате дар Пажӯҳишгоҳи навбунёди дастнависҳои шарқ лаборант, сонитар дар шӯъбаи тоҷикии радиои Тошканд дар ибтидо сухандон-диктор, баъд муҳаррири барномаҳо шуда кор мекунад. Сонитар вақти гуфторҳо ба забони тоҷикӣ афзуда, таҳияи барномаҳои адабӣ, ташкили гуфторҳо ба забони форсӣ низ ба зиммаи ӯ гузошта мешаванд. Муаллиф бо ифтихор менависад, ки тарҷума кардану барои радио хондани хабари ғалаба аз болои фашизм ба дӯши ӯ афтодааст.
Муаллиф дар ҳамин боб инчунин дар бораи фаъолияти шарқшиносони Тошканд, вохӯриҳои худ бо муҳаррири бахши тоҷикии рӯзномаи ҷанговарони Осиёи Миёна «Фрунзечӣ» - адиби маъруфи тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ ва ба туфайли ӯ бо Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода ва дигар аҳли адабу фарҳанги тоҷик шинос шуданаш ҳикоя мекунад. Инчунин ӯ ба вохӯрии худ бо Кибриё Лутфуллоева ва Абдулло Қаҳҳор, ки ҳарду ҳам барои равнақи адабиёт хизматҳои босазо кардаанд, саҳифаҳои дурахшон бахшидааст. Вай бо ифтихор менависад, ки дар Тошканд бо донишмандону адибони ӯзбек, аз қабили Азизхон Қаюмов, Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода, Ҳамид Ғулом, Воҳид Зоҳидов, Султон Умаров ва дигарон шиносо шуда, минбаъд бо онҳо дӯстиву забобити мустаҳкаме пайдо кардааст.
Агар ҳамин боби китобро қомуси як давраи муайяни тоҷикони Ӯзбекистон гӯем, муболиға намешавад. Зеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё