Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Муаллиф ёдовар мешавад, ки маҳз дар ҳамин омӯзишгоҳ нахустин машқҳои шеъриву фаъолияти эҷодиашро ҳамчун муҳаррири рӯзномаи деворӣ оғоз намуда, шарикдарсонашро низ ба навиштани шеърҳо, мақолаҳо даъват намудааст.

Дар ҳамин бобҳо оид ба воқеаҳои мудҳиши соли 1937 лаҳзаҳои ҳузнангез оварда шудаанд.

Роҳи бисёр хатмкардагони омӯзишгоҳи педагогӣ он солҳо ба сӯйи мактабҳои олӣ мепайваст. Аз ҷумла Расули ҷавон низ баъди хатми омӯзишгоҳ ба Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ) дохил шуда, дар ин ҷо ба шунидани дарсҳои А. Ефимов, Абдураҳмон Саъдӣ ва хондани китобҳои Е. Бертелс, В. Бартолд барин мусташриқони маъруф муваффақ мешавад.

Лекин ба туфайли Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва муваққатан боздошта шудани фаъолияти донишгоҳ риштаи таҳсил дар ин ҷо канда шуда, зиндагӣ ҳам душвортар мешавад. Падар дар яке аз мактабҳои деҳкадаи Даштаки боло муаллимӣ карда, бо дастгирии раиси он ҷо Абдуфаттоҳ Абдуллоев, ки марди фозил ва маърифатпеша буд, соҳиби пораи замине шуда, дар он киштукор карда таъмини рӯзгор менамояд.

Ҳамон солҳо худи Расул ҳам дар мактаби деҳаи Раҷабамин яъне мактабе, ки як вақтҳо маърифатпарвари номӣ Абдуқодир Шакурӣ бунёд карда буд, фаъолияти омӯзгориро оғоз намудааст.

Соли 1944 шиддати ҷанг андаке паст шуда, дар дохили кишвар ба ҳаёти фарҳангиву илмӣ эътибор дода мешавад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ҳоло Донишгоҳи миллии Тошканд) факултети шарқшиносӣ таъсис меёбад ва Расул Ҳодизода низ бо ҳамроҳии Надимхон Беҳбудӣ (писари Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ) азми сафари Тошканд намуда, ба ин

пешина
аз 315
навбатӣ