Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

маро ҳам зикр карданд. Номи фарзандонам ҳам даромад ба он шеър. Онро, ҳар мисраъро чанд бор таҳрир карда, шеърро ба шакли охирин дароварданд ва ба банда тақдим карданд. Ман ҳама он нусхаҳоеро, ки таҳрири ҳар мисраъ намоён аст, ки аввал чӣ буд ин мисраъ, баъд чӣ тӯр тағйир ёфт, таҳрир шуду дигар шуд, яъне, сиёҳнависи домулло Раҳимиро низ гирифтаму даруни дафтари рӯзнома монда будам. Шояд ҳамон ҷойҳо ҳанӯз ҳам бошад.
Либоспӯшии Раҳимӣ ҳақиқатан аҷиб буд.
Омиёна либос мепӯшиданд. Хоксорона, қашшоқона либос мепӯшиданд. Дар зимистон ҳам як плаш ё палтои тунук дар тан, як тоқии тунук дар сар. Дар по ҳам чандон чизи гарм нест. Мегаштанд. Ҷои суол буд, ки чаро ин тур либос мепӯшанд?
Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар шеър дар ҳақиқат тавоно буд. Тавоноии дили худро худ эҳсос мекард.
Боре ӯ бо устод Лоҳутӣ баҳс оғоз кард. Ин ҳодиса, дар ёд дорам, ки чунин рӯй дод:
Охирҳои даҳаи чиҳилуми қарни бист буд ё аввалҳои даҳаи панҷоҳум буд, ки як рӯз, як рӯзи ид, иди Октябр ё иди якуми май, дар ин иди бузург газетаҳои Тоҷикистон рангин ва зебо баромаданд.
Дар яке аз ин рӯзномаҳои рангин банда шеъри Муҳаммадҷон Раҳимиро дидам, ки бо мисраи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё