Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

“Шоири хушнавои мо, тарк бигӯ фасонаро”, шурӯъ шудааст. Дар поини шеър навишта шудааст:
Ашқобод. Яъне, гӯё ин шеър, ин ғазал, дар сафари Туркманистон гуфта шудааст. Агарчи банда намедонистам, шеъри хуб кадому шеъри нохуб кадом аст, ин шеър ба ман маъқул шуд. Гӯё шеъри хуб буд. Дидам, ки дигарҳо ҳам хондаанд. Лекин касе чизе намегӯяд. Сарварони Иттифоқи нависандагон ҳам хондаанд. Гӯё шеър ба ҳама маъқул аст. Лекин ба монанди бисёр шеърҳое, ки дар рӯзномаҳо чоп мешаванду ба мардум маъқул меоянд, вале пас аз чанд гоҳ аз ёдҳо мераванд, фаромӯш мешаванд. Ин шеъри Раҳимӣ ҳам дигар тамом, аз ёд баромад. Лекин баъд аз як ду-се моҳ устод Лоҳутӣ аз Маскав ба Душанбе омад ва он гоҳ дар Иттифоқи нависандагон шӯре барпо шуд, ки Раҳимӣ устод Лоҳутиро танқид кардааст ва сахт сарзаниш намудааст. Инро фақат худи устод Лоҳутӣ, вақте ки дар Маскав он шеъри Раҳимӣ ба дасташ расиду чашм давонд, фаҳмида будааст.
Дигарҳо бехабар мондаанд:
Шоири хушнавои мо, тарк бигӯ фасонаро...
Хуршеди ман, чӣ гӯйӣ шабпараки шабонаро?
Давомашро фаромӯш кардаам.
Гӯё Раҳимӣ он шеърҳои ишқии Лоҳутиро, ки ба ҳамсараш Силсилабону бахшида буд, дар назар дорад. Устод Лоҳутӣ бисёр шеърҳои хуб гуфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё