Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

орзую ҳавасе ҳам доштаму гоҳе шеър мегуфтам ба таври худ. Чизҳои шеърмонанд ва зуд мебурдам ба “Тоҷикистони советӣ” барои чоп ва он ҷо ба дасти Раҳимӣ меафтод. Раҳимӣ ҳам бо ман нишаста, шеърро аз аввал хонда, як-як баъзе ҷойҳои онро таҳрир мекард. Баъзе калимаҳоро нобаҷо ё ин ки беҷо омадани он калима, ё ин ки гапи дигари онро иваз кардан лозим,- мегуфт. Чанд шеъри маро он кас сахт таҳрир кардаанд.
Шиносоии мо, саломалейки мо давом кард.
Домулло медонистанд, ки ҳамшаҳрии эшон ҳастам.
Ба банда ҳусни таваҷҷуҳ доштанд. Гоҳе ба хонаи ман меомаданд. Домулло қиёфаи қашшоқона доштанд, либосҳои қашшоқона мепӯшиданд.
Ҳамсари ман эшонро “председатель колхоза” “раиси колхоз” мегуфт.
-Опят пришёл этот “председатель колхоза”.-огоҳ мекард маро ҳамсарам.
Меомаданд гоҳе хонаи мо ва мегуфтанд:
-Китобе лозим шудааст.
Китобро гирифта медиданд ё ин ки
мебурданду боз меоварданд. Ҳамин хел бо сабабе
меомаданд, бесабаб намеомаданд. Як бор, ки
омаданд, табъашон болид. Ҳамон ҷо дар хонаи ман
шеъре навиштанд ва дар он шеър номи фарзандони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё