Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

II. АЗ НАХУСТИН
ТО ВОПАСИН ТАРОНА

ГАР КУНИ ЯК НАЗЗОРА
МЕЗЕБАД, МЕЗЕБАД

Аҳмад Зоҳир ҳамагӣ сиву се сол умр дид. Худованд барои зиндагӣ кардан дар ин дунёи фонӣ ба ӯ ҳамин мӯҳлатро дода буд. Вале аз сӯи дигар Парвардигори мутаъол барояш чунин вижагиҳову хислатҳои инсониеро арзонӣ дошт, ки дар синни ҷавонӣ ӯ як марди оқилу доно ва як ҳунарманди баркамолро мемонд. Сурати зебо, садои бемисл, истеъдоди нотакрор, ақлу заковати воло, забони ширин, инҳо ҳама неъматҳое ҳастанд, ки Худованд онҳоро хеле кам дар маҷмӯъ ба бандагонаш медиҳад.

Аҳмад Зоҳир ба нишонаи шукрона аз ин неъматҳои додаи Худовандӣ, ба манфиати ҷомеа чунон ҳам ҷаҳду ҷадал намуд, ки баъди сараш асрҳо аз ӯву осори бебаҳои ӯ ба некӣ ёд хоҳанд кард.

Аҳмад Зоҳир дар саҳнаи овозхонии касбӣ ҳамагӣ 15 -
сол дурахшид. Аввалин концерте, ки дар он ба танҳоӣ
ҳунарнамоӣ кардааст, соли 1964 баргузор гардид. Дар худи
ҳамин сол яке аз сурудҳои ӯ "Гар кунӣ як наззора, мезебад, мезебад" нахустин маротиба аз радиои Афғонистон
пахш шуд. Аммо барои он, ки ӯро ҳамчун овозхони беҳтарини сол эътироф кунанд, ӯ боз ҳашт соли дигар заҳмати
пурмашаққатеро пушти сар мекунад. Аҳмад Зоҳир аз соли

пешина
аз 338
навбатӣ