Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ме кардааст. Кореро, ки дигар бозингарон маъмулан намекардаанд.
Аз рӯи гуфтаи мудири китобхонаи устод Халилуллоҳи Халилии Институти Шарқшиносии АУ Тоҷикистон устод Ҷаъфари Ранҷбар, ки худ низ дар он замонҳо яке аз кӯдакони коғазпаррони он маҳал будааст ва Аҳмад Зоҳирро борҳо дидаву бо ӯ сухан гуфтааст, тайёр кардани чунин бодбаракҳо кори чандон осон набуд. Махсусан, тайёр кардани риштаи он бодбарак, ки тақрибан 200 - 300 метр тӯл медоштааст, заҳматталаб будааст. Он риштаро бо услуби хос бо истифода аз ширешу мум омода месохтаанд, ки хеле мустаҳкам мешудааст ва дар ҳаво риштаҳои дигарро дар натиҷаи ба онҳо соиш хӯрдан мекандааст. Ҳамин риштаи 200 ё 300 метраро, ки қиммати баланд доштааст, бо ҳамроҳии ҳамон бодбарак Аҳмад Зоҳир ба яке аз тамошобинон эҳдо мекардааст.
Ин иттилоотро, ки ин шуғлро Аҳмад Зоҳир хеле дӯст медошт, дӯстони наздикаш Самади Дор - Дор ва Сафиуллоҳи Субот низ таъйид намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё