Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ДАР ДОМАНИ САҲРО
БЕХАБАР АЗ ДУНЁ

Аҳмад Зоҳир аз синни хурдсолӣ ба як бозии қадимаи миллӣ дилчаспии зиёде дошт. Ин ҳам бошад бодбаракбозист, ки дар Афғонистон онро коғазпарронӣ мегӯянд. Маъмулан рӯзҳои ҷумъа ӯ бо ҳамроҳии дӯстони наздикаш бодбараки худро, ки дар тӯли ҳафта онро омодаи ин мусобиқа мекардааст, гирифта ба чамани Бабраки дашти Хайрхонаи Кобул мерафтааст. Дар ин рӯзи истироҳат ба ин ҷо одамони касбу кори гуногун аз гӯшаву канори мухталифи шаҳри Кобул ва ҳатто Афғонистон ҷамъ шуда, байни худ мусобиқа мекардаанд. Ҳадаф, яъне бодбараки кӣ аз ҳама хушрӯйтар асту болотар парвоз мекунад ва аз ҳама муҳимаш вақти дар ҳаво будан кадоме аз он бодбаракҳо бодбараки дигарро маҳв месозад. Аниқтараш риштаи онро меканад. Чамани Бабраки дашти Хайрхона рӯзҳои ҷумъа бозори бузургеро шабеҳ буд. Фазои он мавзеъ аз бодбаракҳои гуногунранг моломол мегашт ва осмони обӣ дар ин лаҳзаҳо матои нилгуни болояш пур аз нақшҳои гулдӯзиро ба хотир меовард. Аз ҳама бештар тамошобинон ба ҳаракатҳои Аҳмад Зоҳир ва бодбараки ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Ин на танҳо аз он сабаб буда, ки Аҳмад Зоҳир дар идора кардани бодбараки худ як маҳорати беандоза баланд нишон медодааст, балки боз аз он сабаб будааст, ки баробари бозии худро ба анҷом расондан, ҳамон бодбаракро ба яке аз тамошобинон тӯҳфа

пешина
аз 338
навбатӣ