Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
1972 то охири умраш ҳар сол "Беҳтарин овозхони соли Афғонистон" эътироф мешуд. Гузашта аз ин ӯро дар дигар кишварҳои форсизабон ба тадриҷ шинохтанду эътироф карданд. Дар баъзе аз маҳфили овозхонҳои берун аз Афғонистон ҳам, хусусан дар Ирону Покистон ба Аҳмад Зоҳир унвонҳои "Булбули Шарқ", "Алмоси Машриқзамин" - ро дода буданд. Садои ӯ, сурудҳояш дар Тоҷикистон як инқилоберо дар ҳунари овозхонӣ барпо карданд.
Аҳмад Зоҳир дар тӯли понздаҳ соле, ки рӯи саҳнаи профессионалии сарояндагӣ заҳмат кашид, осореро аз худ боқӣ мондааст, ки ситораҳои аҳамияти ҷаҳонӣ доштаи ин ҳунар, ки собиқаи беш аз панҷоҳсолаи фаъолият доранд, доштани чунин як ифтихорро танҳо орзу мекунанду бас.
Дар бораи чӣ миқдор суруду тарона боқӣ мондани Аҳмад Зоҳир як гапи мушаххасе нест. Тибқи он маълумоте, ки дар даст дорем, то ба имрӯз касе мушаххасан репертуари Аҳмад Зоҳирро ҳисоб накардааст, ки дар он чӣ миқдор суруду тарона ҳаст. Фикрҳои тахминӣ хеле зиёданд. Барои мисол оҳангсози афғонӣ устод Салими Сармаст дар як мусоҳибааш дар ин бора чунин гуфтааст: "Аҳмад Зоҳир дар ҳудуди бист кассет овоз дорад, ки агар ба сурати миёна ҳар кассети ӯро шомили дувоздаҳ оҳанг бидонем, 240 порчаоҳанги бикр дорад, ки аслан наметавонам ангушти интихоб бигзорем, ки кадом як беҳтар аст". Аз муаллифони тоҷик шоири шодравон Амонбеки Шоҳзода, ки яке аз мухлисони содиқи Аҳмад Зоҳир буд, дар як мақолааш соли 1992 навишта аст: "Дар Афғонистон бештар аз 30 фитаи ин сарояндаи номӣ маҳфуз аст. Дар он садҳо сурудҳои Аҳмад Зоҳир сабт гардидаанд". Дар як барнома ба муносибати сесолагии рӯзи марги Аҳмад Зоҳир наттоқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё