Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Найнавоз дар қатли Аҳмад Зоҳир ва фирорӣ шудани баъзе аз овозхонҳои маъруф аз кишвар режими Ҳафизуллоҳ Аминро гунаҳкор медонист. Дар мусоҳибае бо хабарнигори тоҷик Отамуроди Бекмурод ("Ҷавонони Тоҷикистон", 18 июни соли 1989) Аҳмад Мурид дар ин робита чунин мегӯяд:

"Муттаасифона, ҳарчанд ману Аҳмад Зоҳир аз тарафдорони инқилоб будем, вале фаъолияти ҳунариямон маҳдуд ва қатъ гардид. Ба хусус баъди ба сари ҳокимият омадани Амин аҳволи озодфикрон табоҳ шуд. Қабл аз ҳама бо иҷозаи шумо аз хусуси устод Найнавоз, ки ба дасти хунполои Амин кушта шуд, чанд сухан гӯям. Найнавоз, рӯҳаш шод бод, мусиқори варзида буд. Албатта, шумо овози ӯро шунидагистед? Ин ҳамон Найнавозест, ки ҳамроҳи Аҳмад Зоҳир суруди "Ман найнавозам"-ро суруда буд...

...Амин ба тоза кардани атрофи худ пардохт... Устод Найнавоз бо Парисои Мурсал бо номи "Омин! Омин!" оҳанге таҳия карданд, ки матни он чунин шурӯъ мешуд:

Ҳар ки маро аз ту ҷудо мекунад,
Дар ба дару бесару по мекунад,
Рӯзи маро тору сиёҳ мекунад,
Бод дилаш мисли дили ман ҳазин,
Омин! Омин! Омин!

Ин суруд чӣ барои муаллифи шеър ва чӣ барои оҳангсозову сарояндааш гарон афтид. Амин ба таъқибкунӣ сар кард. Муаллифи шеър (исмаш дар хотирам намондааст) зиндонӣ шуд. Як моҳ суруд маҳкум буд ва баъди ин муддат маро низ ба ҳабс гирифтанд, ки бидуни пурсиш 13 моҳ

пешина
аз 338
навбатӣ