Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Фазлаҳмади Найнавоз Аҳмад Зоҳирро хеле дӯст медошт. Вақте ки Аҳмад Зоҳирро ба баҳонаи қатли Холида ба маҳбас мекашанд, ӯ аз ҳама бештар барои халосии ӯ мубориза мебарад. Фазлаҳмади Найнавоз аз ҳама хубтар ва амиқтар ҳолати рӯҳии Аҳмад Зоҳирро дарк менамуд ва барояш таронаҳое эҷод мекард, ки баъдан беҳтарин таронаҳои Аҳмад Зоҳир ном мегиранд.
Баъди марги Аҳмад Зоҳир Найнавоз шикастадилу рӯҳафтода мешавад. Ӯ дар марги дӯсти нокомаш марсияе мегӯяд, ки оғозаш ин аст:
Ба ҳар сӯ меравам, ай ошно, ман дар суроғи ту,
Вале аз ту суроғе нест.
На дар ин ҷо, на дар он ҷо,
Ба ёдам боз меояд, ки мегуфтӣ:
Ман аз ин остон азми сафар дорам.
Вале бовар намекардам,
Ба ёдам боз меояд, ки мегуфтӣ:
Барои нолаам танг аст ин дунё,
Ба қалбам хун мечӯшад,
Ҷудо аз мо куҷо рафтӣ, чаро рафтӣ?
Чаро бе мо сафар кардӣ?
Чаро аз мо ҳазар кардӣ?
Ба қалби мо зи ҳаҷрат оташ афрӯхтӣ, рафтӣ,
Ва моро аз фурӯғи доғи ҳиҷрат сӯхтӣ, рафтӣ...
Ба қавли Аҳмад Мурид, яке аз дӯстони дигари Аҳмад Зоҳир, ки хонандаи хушовоз буд ва дар Тоҷикистон бо шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта шабҳои муштараки эҷодӣ доир кардааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё