Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

наметавонад ба орзуи худ, яъне аққалан барои як лаҳза Аҳмад Зоҳир бошад, бирасад.

Дӯсти дигари Аҳмад Зоҳир Самад Дор-Дор дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки Аҳмад Зоҳир таронаҳои Абдураҳими Сорбон ва Билтунро хеле зиёд дӯст медошт ва дар хона ва мошинаш ҳангоми фориғ будан аз заҳматҳо ин овозхононро бештар гӯш мекардааст. Дар марҳилаи аввали овозхониаш Аҳмад Зоҳир асосан таронаҳои худаш эҷоднамударо месуруд. Ҳарчанд баъзе аз ин сурудҳо нусха аз таронаҳои ғарбӣ ва ҳиндӣ буданд, вале ӯ онҳоро худаш таҳия мекард, барои онҳо матнҳои мувофиқ пайдо менамуд. Баъдтар оҳангсозон чун мебинанд, ки Аҳмад Зоҳир садои гиро ва маҳорати хуби овозхонӣ дорад, барояш махсус таронаҳо эҷод мекунанд. Ба ин қабил оҳангсозон Фазлаҳмади Найнавоз, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, Салими Сармаст, Фақирмуҳаммади Нангиёлай, Масхур Ҷамол, Найсоз ва дигарон дохил мешаванд. Дар байни ин оҳангсозон, аз ҳама бештар Фазлаҳмади Найнавоз ва Шоҳвалӣ Валии Таронасоз барои Аҳмад Зоҳир оҳангу тарона таҳия намудаанд. Бояд гуфт, ки Фазлаҳмади Найнавоз, ки ба син аз Аҳмад Зоҳир 25 сол бузургтар буд, монанди ӯ фарзанди як соҳибмансаб будааст. Падари ӯ Закариё, вазири молия дар замони шоҳ намехоҳад, ки фарзандаш ҳунари мусиқиро пеша кунад. Вале Фазлаҳмади Найнавоз ба он меҳру муҳаббате, ки ба оламу ҳунари мусиқӣ дошт, тавонист дар таърихи мусиқии Афғонистон ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кунад. Мутахассисони соҳаи мусиқии Афғонистон Фазлаҳмади Найнавозро дар феҳристи 10 нафар бузургтарин оҳангсози кишвар дар тамоми давру замонҳо дохил кардаанд.

пешина
аз 338
навбатӣ