Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

СУЛТОНИ ҲАМАД

фарзанди яке аз мутрибони Аҳмад Зоҳир трумпет-навоз (труба) Фақирмуҳаммади Нангиёлай Аҳмад Зоҳир дар овони кӯдакӣ чанд муддат аз падари ӯ дарси мусиқӣ гирифтааст. Баъдан ҳангоме ки аз наздик ҳамкорӣ мекарданд, Нангиёлай таронаҳои эҷоднамудаи Аҳмад Зоҳирро ба риштаи адвор (нота) низ мекашидааст. Ба гуфтаи Ҳумоюн соли 2004 ӯ ва падараш мархум Фақирмуҳаммади Нангиёлай дар Ҳоланд ва Амрико китоберо бо номи "Садое, ки хомӯш намешавад" аз чоп баровардаанд, ки дар он 160 таронаи Аҳмад Зоҳир ба нота даровада шудааст. Вале Сафиуллоҳи Суббот муддаӣ аст, ки Аҳмад Зоҳир шогирди ягон овозхон ва оҳангсози машҳури афғон набудааст. Аҳмад Зоҳир чун омотуре (ҳаваскор), вале бо истеъдоди Худодод ба саҳнаи ҳунари мусиқӣ, бо сабку услуби худ ворид мешавад. Ба қавли рафиқи даврони кӯдакиаш Сафиуллоҳи Суббот дар наврасӣ Аҳмад Зоҳир бисёр мехостааст ба овозхони шинохта Абдуҷлили Залонд монанд бошад. Таронаи ӯ "Эй шӯълаи ҳазин" ба матни Зиё Қоризодаро бисёр зиёд замзама мекард. "Мехоҳам мисли Залонд овозхони маҳбуб бошам"- пайваста мегуфт Аҳмад Зоҳир. Рӯзе Сафиуллоҳ Суббот ва Аҳмад Зоҳир, ки ҳамсоя буданд, дар наздикии хонаашон Залондро мебинанд ва ӯро ба меҳмонӣ таклиф мекунанд. Ӯ розӣ мешавад, ки ба хонаи Аҳмад Зоҳир бираванд. Ин замоне буд, ки Аҳмад Зоҳир ҳамчун овозхони маҳбуби миллат маъруф шуда буд. Ҳангоми сӯҳбати гарм Сафиуллоҳ ба ёд меорад, ки чӣ гуна Аҳмад Зоҳир аз Залонд пайравӣ мекард ва мехост мисли ӯ маҳбуби мардум бошад. Дар ин лаҳза Залонд мегӯяд, ки Аҳмад Зоҳир акнун ба ҳадафи худ расидааст. Ӯ маҳбубтарин овозхони миллат аст. Вале сад афсӯс, ки ӯ, яъне Залонд, дигар

пешина
аз 338
навбатӣ