Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
мо чӣ гуна метавонем исрор биварзем, ки он мазмуни дунявӣ дорад? Шояд иддае онро ба маънои дунявиаш қабул кунанд. Ин бештар вобастагӣ дорад ба савияи донишу хирад ва огаҳии ҳар инсон, ҳар шунавандаи суруд.
Шояд Аҳмад Зоҳири маҳфилоро ин банди таронаи зебои "Соқиё, маро дарёб" -ро ба хотири рад кардани ҳамон гуна иттиҳомот гуфта бошад:
Соқиё, маро дарёб,
Пур кун аз вафо ҷомам.
Мастам имшаб аз ғамҳо,
Май нахӯрда бадномам...
Тӯвбаам мадеҳ зоҳид,
Дигар аз маю мастӣ.
Фориғ аз ҳисобам кун,
Ғофил аз саранҷомам.
ҲАМА ЁРОНАМ БА ПАРЕШОНИ
Бархе овозаҳо дар ин хусусанд, ки Аҳмад Зоҳир гӯё консерваторияҳои машҳури кишварҳои Ғарбиро хатм кардаву соҳибихтисос гаштааст. Ин овозаҳо низ аз ҳақиқат дуранд. Албатта Аҳмад Зоҳир сафарҳое ба кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Итолиё, Фаронса, Англистон ва ҳатто Амрикову Австролиё доштааст ва ин сафарҳо дар бою ғанӣ гардидани таҷрибаву малакаи ҳунари мусиқиаш нақш доштаанд. Зеро ӯ ҳамчун ҳунарманди ҷӯянда аз ин гуна имкониятҳои пешомада наметавонист баҳравар нашавад. Аҳмад Зоҳир нозукиҳои ҳунари мусиқиро дар ягон омӯзишгоҳ ва ё донишкадаи махсуси касбӣ на дар Ғарб ва на дар Шарқ наомӯхтааст. Вале ба гуфтаи Ҳумоюни Нангиёлай,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё