Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
қарияи Афғонистон ва ё шаҳре аз даҳони ягон шахси масъул, ҳатто дӯстони наздикаш мушаххасан дар бораи амалҳои ғайриахлоқии Аҳмад Зоҳир чизе нашунидаам. Шаҳрвандони тоҷикистоние, ки ҳини сафарҳои хизматӣ дар он солҳо Аҳмад Зоҳирро аз наздик диданд ва бо ӯ мулоқотҳо доштанд, ҳамеша аз гуфтору рафтори неки Аҳмад Зоҳир гап мезананд. Барои мисол устод Ҷӯрабек Назриев ҷавонмардию инсондӯстии Аҳмад Зоҳирро мудом таъкид мекунанд. Шоира Меҳриниссо ва рӯзноманигор Салима Ваҳҳобзода, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик дидаву борҳо бо ӯ ҳамсӯҳбат шудаанд, ӯро ҳамчун инсони покдилу поктинат тавсиф мекунанд. Ҳама дӯстони Аҳмад Зоҳир таъкид мекунанд, ки агар Аҳмад Зоҳир майпараст ва ё нашъаманд мебуд, ҳеҷ гоҳ сазовори чунин обрӯю эътибори баланд дар ҷомеа намешуд. Обрӯю иззати беназирро ӯ пеш аз ҳама дар натиҷаи заҳмати зиёд ба даст овардааст. Ӯ хеле зиёд меҳнат мекард. Барои эҷоди як суруд ӯ натанҳо рӯзҳову ҳафтаҳо, балки моҳҳо заҳмат мекашид. Тасаввур кунед, ҳунарманде, ки бештари вақти худро ба маю маъшуқаву банг сарф мекунад, чӣ гуна метавонад, ба ин қуллаҳои баланди эҷодӣ бирасад? Дар ин ҷо баъзеҳо метавонанд бо истинод ба як теъдод сурудҳои худи Аҳмад Зоҳир эътироз намоянд, ки не, овозхон худ бода менӯшид ва даъват ба маю майгусорӣ мекард. Хуб, мо ин далелҳоро рад кардаӣ нестем. Вале бода нӯшидан аз майпарасту бангӣ будан шояд тафовуте дошта бошад. Дар адабиёти тасаввуфӣ, ки онро Аҳмад Зоҳир хуб медонист, истилоҳи майю майгусорӣ мазмуну мундариҷаи ирфонӣ дошт. Вақте, ки Аҳмад Зоҳир шеъри машҳури шоири ориф Ҷалолиддин Балхӣ "Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?" - ро месарояд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё