Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

оҳангу мусиқӣ буд. Марги Аҳмад Зоҳир марги умедҳову орзуҳои миллионҳо алоқамандонаш, мухлисону дӯстдоронаш дар Шарқу Ғарби олам буд. Марги ӯ зарба задан ба рӯҳияи худшиносиву истиқлоталабии мардумони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд...

Вале оё ӯ дар ҳақиқат барои мо мурдааст?

"Агар ҳунарманд битавонад ба мазрааи эҳсоси мардум ҷойгузин шавад, агар битавонад барои мардум, барои ғамҳои мардум бихонад ва шукуфаи лабхандро рӯи лабони ҳаргиз ханда надидаи мардум ҷой диҳад, агар ҳунарманд мардумро дӯст бидорад ва овозашро барои онҳо сар диҳад, чунин ҳунарманд ҳаргиз марг надорад", - гуфта буд боре Аҳмад Зоҳир ба хабарнигоре.

Бале, Аҳмад Зоҳир он хидматеро, ки ҳар як ҳунарманди асил барои мардумаш бояд бикунад, кардааст. Ва аз ин рӯ ӯ абадан дар қалбҳову лабҳои мардум ҷойгузин шудааст:

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷуст,
Мард чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

МАЙ НАХӮРДА БАДНОМАМ

Пеш аз он ки дар бораи таронаҳои Аҳмад Зоҳир андешаронӣ кунем, мехостам боз чанд сухане атрофи он овозаҳое, ки шахсияти ин хунёгари машҳурро печондаанд, ҳарф бизанем. Овозаҳо ҳастанд ва қисман онҳо ба матбуоти даврии кишвар роҳ ёфтанд, ки гӯё Аҳмад Зоҳир садҳо маъшуқа доштааст ва ба замми ин боз майпарасту бангӣ низ будааст. Оё ин дуруст аст?

Табиист, ки ҳамчун ситораи ҳунар мухлисони зиёде, аз ҷумла, аз ҳисоби занону духтарон дошт. Дар ягон

пешина
аз 338
навбатӣ