Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

зиндонӣ будам..."

То ба ҳанӯз дар Афғонистон расман касе нагуфтааст, ки марҳум Найнавоз чӣ гуна ба қатл расидааст. Ҳумоюни Нангиёлай дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ҳамон нафаре, ки зани Аҳмад Зоҳир Фахрияро як рӯз пеш аз нақшаи куштори овозхони машҳур огаҳ карда будааст, ҳамон фард шахсан ба Фазлаҳмади Найнавоз гуфта будааст, ки дар рӯзи марг дар сари қабри Аҳмад Зоҳир суханронӣ накунад ва аз куштори ӯ лаб накушояд. Вале Найнавоз на танҳо ин корро он рӯз кард, балки Аминро дар он ҷо гунаҳкор низ гуфт. Як ҳафта баъд аз марги Аҳмад Зоҳир Найнавоз ба таври мармуз нопадид гашт. Дар ин кор то ба имрӯз ангушти иттиҳом ба сӯи ҳукумати Амин нигаронида шудааст. Дар Афғонистон то ба имрӯз касе ҳатто қабри ӯро намедонад, ки дар куҷо ҷой гирифтааст. Маълумоти бештареро дар бораи марҳум Найнавоз шумо метавонед аз китоби нависандаи ин сатрҳо «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» (саҳ.96-99) пайдо кунед.

Воқеан, ҷои гап аст бигӯем, ки Аҳмад Зоҳир замоне, ки дар Афғонфилм кор мекард, ӯ дар ин ҷо ба ҳайси садобардор адои вазифа менамуд.

Аҳмад Зоҳир бо ҳамаи ҳампешагони худ, чӣ хурду, чӣ бузург, чӣ мард, чӣ зан муносибати дӯстона ва самимона дошт. Ӯро низ аксари онҳо ҷавобан ҳурмату эҳтиром мекарданд. Қариб ҳамаи овозхонҳои афғонӣ орзу мекарданд, ки дар концерт ё маҳфиле бо Аҳмад Зоҳир муштаракан ҳунарнамоӣ кунанд. Имрӯз дастраси алоқамандони Аҳмад Зоҳир наворҳое ҳастанд, ки дар он ин хунёгари бузург бо овозхонҳои маъруфи афғонӣ, Зоҳир Ҳувайдо, хонум Жило, Аҳмад Валӣ, устод Маҳваш, Ҳангома, Фазлаҳмади

пешина
аз 338
навбатӣ