Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қадим ба миён омадааст.

Дар ин давра гурӯҳи алоҳидаи одамон “дастурон” - соҳибкорон, тоҷирон, ки асосан ба корҳои тиҷорату навиштаҷоти он сару кор доштанд меноманд.

Дар асарҳои таърихӣ, ин давраи таърихии давлатдориро ҳамчун давлатдории динию тиҷоратӣ меноманд.

Давраи дуюми идоракунии давлатӣ ба давраи подшоҳии Бобул - Ҳаммурапи (1792-1750 то давраи мо) рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра қонунҳои идоракунии давлатӣ пайдо мешаванд, ки аллакай муносибатҳои байни гурӯҳи иҷтимоии одамон аз тарафи давлат ба танзим дароварда мешуданд.

Дар асоси қонун услуби навтарини идоракунӣ, назорати қатъӣ барои иҷрои корҳо ҷорӣ карда шуд, ки мавқеи худро то замони мо гум накардааст ва дар таърих ҳамчун давраи дунявию маъмурӣ боқӣ мондааст.

Давраи сеюми инкишофи идоракунии давлатӣ ба давраи инкишофи индустриалӣ дуруст меояд. Аллакай дар ин давра омехтагии назорати давлатӣ дар истеҳсолот ва сохтмон ҷорӣ карда шуда буд. Ин давраи подшоҳии Навуходонасри II (605-562 с. то давраи мо).

Давраи чоруми инкишофи идоракунии давлатӣ - ин давраи пайдоиши капитализм ва аввали пайдоиши саноат дар Аврупо (асрҳои XVII-XVIII). Дар ин давра идоракунии давлатӣ аз капитали хусусӣ сар шуда, то доираи идоракунии касбӣ инкишоф меёбад.

Давраи панҷуми инкишофи идоракунии давлатӣ - ин охири асри XIX ва аввали асри XX ҳисобида мешавад, ки дар таърих ҳамчун системаи бюрократии идоракунӣ боқӣ мондааст. Пойдевори назариявии ин давраи идоракуниро консепсияи бюрократӣ ташкил медиҳад.

Натиҷаи бюрократия - ташкили сохтори калони иерархияи идоракунии давлатӣ, тақсимоти идоракунии меҳнат, ҷорӣ кардани ҳар гуна меъёрҳо ва стандартҳо.

Дар Федератсияи Россия мақоми асосиро дар мустаҳкам кардани системаи давлатии идоракунӣ ташкилотчии калони саноати Россия дар асрҳои XVIII-XIX Андрей Федорович Дерябин бозидааст. Ӯ дар коркарди қонунҳои идоракунии заводҳо ва корхонаҳои саноатӣ, коркарди саноати кӯҳӣ, инчунин лоиҳаҳои беҳтар кардани кори идоракунии аппарат, кам кардани гардиши

пешина
аз 465
навбатӣ